Имрӯз, дар маркази ноҳия, шаҳраки Шайдон бахшида ба 29-умин солгарди баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон бо иштироки муовини раиси ноҳия Аниса Ҷалилӣ, прокурори ноҳия Раҳмонзода Абдусамӣ, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Солизода Абдувоҳид, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Каримзода Хушнуд, ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба абадӣ гардонидани хотираи неки шаҳидгардидагони ҷанги байналмиллал баргузор гардид.
Аниса Ҷалилӣ муовини раиси ноҳия табрикоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба самъи ҳозирин расонида, таъкид дошт ҷанговарони байналмиллал аз Тоҷикистон ба қасами ёд намудаи худ содиқ монда, дар муҳорибаҳо намунаи ибрат буданд.
— Дар муҳорибаҳои шадиди Афғонистон садҳо нафар ҷавонону сарбозон аз Тоҷикистон ҷони худро қурбон карданд, то нафаси охирон ба қасами ҳарбии худ дар назди халқу Ватан содиқ монданд. Ин қаҳрамониҳо барои мо ҷавонон ва мардуми тоҷик бояд абадӣ намуна бошад.
-Аз ноҳияи мо 178 нафар иштирок карда, дар муҳорибаҳои ҷангӣ 3 нафар фавтиданд ва баъди ҷанг 12 нафар вафот карданд. 9- нафар дар амалиётҳои ҷангӣ маъюб гардида, 6-нафар ба гурӯҳи маъюбӣ баъди ҷанг дохил гардиданд, зиёда аз 60 нафар бо ордену медалҳо сарфароз шудаанд, як нафар зан зодаи шаҳраки Шайдон — Соҳибова Турсуной бо ордени Ситораи Сурх сарфароз гардидааст.
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Солизода Абдувоҳид дар баромади худ таъкид дошт: “Дар муддати даҳ соли ҷанги Афғонистон, мувофиқи далелҳои расмӣ зиёда аз 14454 (чордаҳ ҳазору чорсаду панҷоҳу чор) нафар афсарону сарбозони мо дар задухӯрдҳо қурбон шудаанд. Бар замми ин зиёда аз 164 ҳазор (яксаду шасту чор) нафар афсарону сарбозони қушунҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон захмҳои гуногун бардоштанд”.
Неъматҷон Абдуллоев раиси ҷамъияти ҷанговарони байналмиллал зимни баромади хеш иброз дошт, ки шуъбаи ташкилоти ҷамъиятии ҷанговарони байналмиллал дар ноҳия тасмим гирифтааст, ки корҳои таблиғотиро байни ҷавонон оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурзур намояд.
Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 33 нафар иштирокчии ҷанговари байналмиллал кӯмаки яквақтаинаи пулӣ тақдим карда шуд.
Дар охир барномаи фарҳангӣ аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия манзури иштирокдорон гардид.