ПУНУК: Чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд

 593 боздид

Барои сокинони деҳаи Даҳана дар Ҷамоти деҳоти Пунук, яке аз мушкилиҳои ҷойдошта ин таъмин будан бо оби тозаи нӯшокӣ ба ҳисоб меравад. Ин мушкилӣ рӯзи 23 августи соли ҷорӣ бо ба истифода додани чоҳи амудӣ дар ин деҳа хотима ёфт.
Дар расми ифтитоҳи чоҳи амудӣ раиси Ҷамоти деҳоти Пунук Бурҳониддин Муҳиддинзода ва фаъолони деҳа иштирок доштанд.
Тавре ба мо Бурҳониддин Муҳиддинзода раиси Ҷамоти деҳоти Пунук иттилоъ дод, вобаста ба ин масъала дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоти деҳоти Пунук, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббусу дастгирии сокинони деҳа ва шахсони сазховатпеша барои таъмини доимии сокинони ин деҳа бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба таъмини заминҳои наздиҳавлигӣ бо оби полезӣ, чоҳи амудӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки арзиши лоиҳавии чоҳи амудӣ 300 000 (сесадҳазор) сомонӣ буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аз ҳисоби сокинон, соҳибкорону саховатпешагони деҳа маблагузорӣ шудааст. Дарозии чоҳи амудӣ 110 метрро фаро гирифта, тавононии он дар як соат 80 м3 обро ташкил медиҳад. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани ин чоҳи амудӣ 233 хоҷагӣ ва беш аз 1163 нафар аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.