ПУНУК: Зариф Мирдадо аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуд

 617 боздид

Ба ифтихори дар сатҳи баланд таҷлил кардани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт корҳои созандагиву ободонӣ ва бунёди варзишгоҳҳову корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт бо суръат ҷараён дорад.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба Ҷамоати деҳоти Пунук ташриф оварда барои шиносоӣ пайдо кардан аз рафти корҳои сохтмонии толори варзишӣ ва аз рафти корҳои омодагӣ ба ташкили фермаи шутурмурғпарварӣ, боздид ба амал овард.

Тавре ба мо Муҳиддинзода Бурҳониддин раиси Ҷамоати деҳоти Пунук иттилоъ дод, толори варзишӣ дар деҳаи Даҳана, барои бозии волейбол ва баскетбол, аз тарафи сокинони деҳа ба тариқи ҳашар бунёд шуда истодааст. Корҳои сохтмонӣ дар моҳҳои аввали соли ҷорӣ оғоз гардида, мақсад дорем то дар рӯзҳои наздик ба истифода диҳем. То имрӯз барои иҷрои корҳои сохтмонӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

-Сокини Ҷамоати деҳоти Пунук Пардабой Муяссаров, мехоҳад дар деҳаи Пунук як фермаи шутурмурғпарварӣ ташкил намояд. То имрӯз тамоми таҷҳизотҳо харидорӣ карда шуда, корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ин самт рафта истодааст. Пардабой Муяссаров айни ҳол ба маблағи 75440 (ҳафтоду панҷ ҳазору чорсаду чил ё худ муодили 8 ҳазор доллар) 4 шуртурмурғ харидорӣ намудааст. Рӯзҳои наздик боз якчанд адади дигар шутурмурғ харидорӣ менамояд.

Зариф Мирдадо барои дар сатҳи баланд иҷро гардидани корҳои сотхмонии иншоотҳои дар боло зикршуда, ба масъулини ҷамоат супоришҳои мушаххас дода таъкид дошт, ки баробари бунёди иншоотҳои ҷашнӣ як гушаи зебои ноҳия боз ҳам зеботару ободтар мегардад

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.