Қабули шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти Понғоз аз ҷониби роҳбарияти МИҲД-и ноҳия

 266 боздид

Санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовинони раиси ноҳия ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳо дар Ҷамоати деҳоти Понғоз рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти ноҳия, бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо доир гардид.

Сокинон асосан бо масъалаҳои марбут ба ташкили нуқтаҳои маблағсупорӣ аз ҷониби БДА “Амонатбонк” дар маркази ҷамоат, ҷиҳати таъмин намудан бо техникаҳои ҳамворкунӣ барои сохтмони варзишгоҳ ва толори варзишӣ дар деҳаи Бободархон, мусоидат ҷиҳати таъмини мошинаи сӯхторхомӯшкунӣ дар маркази ҷамоат, аз байн бурдани монеаҳо дар раванди соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмиру тармими купрукҳо (пулҳо) ва дигар масъалаҳои ҳалталаби худ ба роҳбарияти МИҲД-и ноҳия  муроҷиат намуданд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия арзу шикоятҳои ҳар як муроҷиаткунандаро шунида, ба масъулин ҷиҳати ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳо дод. Роҳбарияти ноҳия таъкид дошт, ки баррасии муроҷиати сокинон яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия буда, ҳар як муроҷиати сокинон саривақт ва мунсифона баррасӣ карда мешавад.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сокинони Ҷамоати деҳоти Понғозро баҳри мутташаккилона гузаронидани маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ободонии маҳал ва дар арафаи ҷашнҳои дар пешистода аёдат намудани табақаи ниёзманди ҷомеа, даъват намуд.

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон наздик 25 нафар сокинони деҳаву маҳалҳои Ҷамоати деҳоти Понғоз бо 15 масъала ба роҳбарияти ноҳия муроҷиат намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *