Қолинбофӣ дар Ошоба рушд мекунад

 931 боздид

Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ҷамоати деҳоти Ошоба вохӯрии Обода Ашурова мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо фаъолзанҳо, собиқадорон, оилаҳои ҷавон ва хонандагон доир  гардид.

Обода Ашурова дар назди ҳозирин оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба касбомӯзиву шуғли доимӣ фаро гирифтани духтарон суханронӣ намуда гуфт: «Барои эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ аз қабили қолинбофии дастӣ, атласу адрасбофӣ ва сузанидӯзӣ бонувон саҳми назаррас гузоранд».

Дар идома Обода Ашурова аз рафти фаъолияти маҳфили “Маҳлиё”, ки ҳафтае ду маротиба доир мешавад ошно гардид. Дар ин маҳфил хонандагони МТМУ №49 нозукиҳои ҳунари гулдӯзӣ, қолинбофӣ ва бофандагиро меомӯзанд.  Ҳамзамон масъулин аз фаъолияти кории бонуи ҳунарманд Азимова Тошхон, ки занони хонашинро барои рушди ҳунари қолинбофӣ ҷалб намуда, Маркази қолинбофӣ таъсис додааст, дидан намуданд.  Дар маркази мазкур 14 нафар занҳои хонашин машғули омӯхтани ҳунари қолинбофии Эронӣ мебошанд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.