Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 6 сол дар амал

 23 034 боздид

“Мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташшаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон  бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ  ба дӯш доранд, пурра эҳсос кунанд”.

                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

Таълиму тарбияи фарзанд яке аз бузургтарин вазифаи волидон ба ҳисоб меравад. Тарбияи фарзанд аз рӯзи чашм ба олами ҳастӣ кушоданаш оғоз меёбад. Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар мавриди тарбияи фарзанд мегӯяд, бачае, ки дар оила хуб тарбия меёбад бачаи хуб ба воя мерасад. Аз ин гуфтаҳо хулоса кардан ба маврид аст, ки тарбияи дурусти фарзанд аз волидон вобастагии калон дорад.

Дар кишвари мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” фаъолият мекунад, ки ин қонун  2-уми августи соли 2011 таҳти №762 қабул карда шудааст. Мақсад аз қабули қонуни мазкур беаҳамият набудани волидон дар таълиму тарбияи фарзандон мебошад.

Сафия Аъзамова омӯзгори ҷавон мегӯяд, қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидонро дар тарбияи дурусти фарзандон беаҳамият намегузорад. Тибқи ин қонун волидон ба амалҳои ғайриқонунии фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Аз ин хотир аксар волидон баъди қабули қонуни мавриди назар  дар таълиму тарбияи фарзандони худ диққати махсус доданд.

Агар волидон дар оилаи хуб тарбия гирифта бошанд ва саводи хуб дошта бошанд онҳо кӯшиш мекунанд, ки фарзанди худро низ боодобу  ботамиз ба воя расонанд. Беҳуда нагуфтаанд фарзанди нек боғи падар, фарзанди бад доғи падар. Фарзандоне, ки дар оила тарбияи хуб ёфтанад кӯшиш мекунанд то дигарон низ дар чунин роҳ ба воя расанд.

Аз қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” 6 сол пур шуда бошад ҳам, мушоҳидаҳо собит месозад, ки иддае аз волидон дар тарбияи фарзандон ҳоло низ беаҳамияти мекунанд. Беаҳамиятии онҳо то ҷое мерасад, ки фарзандони онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд ва ҳаёти худро зери хатар мегузоранд.

Нишонбой Мадумариён,

донишҷӯи курси дуюми

 ихтисоси арабӣ-англисӣ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.