Рўзи Наврўзу дарахти осмон гул кардааст

 1 359 боздид

Наврўзи Тоҷикистон-Наврўзи даврони истиқлол паёмовару оғозгари рўзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост.                               

Эмомалӣ  Раҳмон

 Ҳар як ҷашни  миллӣ вобаста ба хусусиятҳои худ дорои рамзҳоест, ки орзую ниятҳои мардум тавассути он ифода меёбад. Дар байни ҷашнҳои муҳими мардуми эронинаҷод се ҷашни муҳим вуҷуд дорад, ки инҳо Наврўз, Меҳргон ва Сада мебошанд. Наврўз ҷашни аввали баҳор, Меҳргон ҷашни аввали тирамоҳ ва Сада ҷашнест, ки дар даҳуми баҳман ё 30-январ таҷлил мегардад. Наврўз бо эътидоли баҳоронаи шабу рўз, эҳёи табиати хуфта ва оғози мавсими киштукор рост меояд ва дар ин миён аз маҳбубияти зиёде бархурдор аст. Аз ҳамин сабаб Наврўз дар эҷодиёти шифоҳии халқ ва адабиёти классикӣ  ба таври васеъ инъикос ёфта, ашъори дар ин замина сурудашударо  наврўзӣ ё баҳория меноманд.

Наврўз ҳамасола дар санаи 21-22 март, тибқи солшумории форсӣ якуми фарвардин ё дар авали моҳи ҳамал ҷашн гирифта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мақом ва ҷойгоҳи Наврўз дар тамаддуни тоҷикон дуруст таъкид намудаанд, ки: «Наврӯз барои миллати тоҷик китоби сарнавишт буда, ниёгони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ ин ҷашни муқаддас ва хуҷастаи худро ҳимоят мекарданд ва бо Наврӯз дубора зинда мешуданд. Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонии ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик ҳамеша нигоҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих ва ниҳоят Ватан будааст».

Боиси ифтихор аст, ки дар ягон давру замон ҳеҷ як идеология, ҷаҳонбинӣ, дину мазҳаб, сиёсат ва нерўи ҳукмрон натавонист, монеае дар баргузории ҷашни Наврўз эҷод карда, мардумро аз ҷашнгирии он манъ намояд. Тибқи сарчашмаҳо кўшиши бархе аз халифаҳои аъроб дар мавриди манъ намудани ҷашни Наврўз натиҷа набахшид ва онҳо Наврўзро ҳамчун “суннати Ҷамшед” пазируфтанд.  Дар замони халифаҳои умавӣ гирифтани ҳадяҳои Наврўзӣ  аз эрониён расм шуда буд, бахусус дар замони халифаҳои аббосӣ шоирони араб Ҷарир ва Абўнувос дар ситоиши Наврўз ва Меҳргон шеърҳо сурудаанд. Шоирони форсу тоҷик беҳтарин тарғибгарони ин суннати кадимаи мардумӣ буда, ормонҳои  наврўзии худро ба таври мухталиф баён намудаанд.

Ҳаким Носири Хусрав дар мавриди фазилати Наврўз нисбат ба меҳргон мегўяд:

Наврўз беҳ аз меҳргон, арчи

Ҳар ду рўзонанд эътидолӣ.

Дар байти зерини Ҳумоми Табрезӣ мурод аз “боди навбаҳорӣ” айёми наврўзӣ дар назар дошта шудааст:

Эй боди навбаҳорӣ, бўи биҳишт дорӣ,

Аз сўи гул расидӣ, ё пайки он нигорӣ.

Ин маънӣ дар шеъри Нурмуҳаммад Ниёзӣ ба сурати дигаргуна баён шудааст:

Аз боғи биҳишт мерасад бўи баҳор,

Ҳамранги биҳишт мешавад рўи диёр.

Абулфараҷи Рунӣ Наврўзро ҷавонии замину замон меҳисобад:

Наврўз ҷавон кард ба дил пиру чавонро,

Айёми ҷавонст заминрову замонро.

Мардум дар даврони мухталифи таърихӣ гоҳ ошкоро, гоҳе пинҳон ва ҳатто баъзан бар зидди нерўҳое, ки мухолифи Наврўз буданд, ин ҷашни фархундаро  истиқбол мегирифтанд. Ин ҷашн минбаъд дар миёни қавмҳои дигари ғайриэронӣ, аз ҷумла узбекҳо, казоқҳо, озариҳо, туркҳо, мардумони қафқоз интишор гардида маҳбубият пайдо намуд ва ҷузъи тамаддуни ононро ташкиk дод. Таҳқиқоти олимон собит намудааст, ки бисёр рамзҳо ва оинҳои наврўзӣ дар фарҳанги халқҳои ҳиндуаврупоӣ   таъсири муайян гузоштааст, ки ин аз умумияти ягонаи пайдоиши халқҳои мазкур ва умуман инсоният шаҳодат медиҳад.

Ин нукта баёнгари он аст, ки Наврўз ҷашнест, ки дар вуҷуди худ муҳимтарин арзишҳои башариро ҷой дода, дар дилу дидаи мардум нақши носутурданӣ гузоштааст. Ин ҷашни муборак аз ибтидо бо некиву зебоӣ тавъам буда, маҳз бо ҳамин сифаташ дар масири таърих ва дар дилу дидаи ҳама инсонҳо ба хушӣ пазируфта шудааст. Наврўз ҷашни пирўзиҳост; пирўзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, хубӣ бар бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ ва некӣ бар зиштӣ.

Агар ба асли баромади калимаи “Наврўз” таваҷҷўҳ кунем, аз  дидгоҳи  аксари  муҳаққиқон,  воҷаи «Наврўз» дар забони форсии қадим ва миёна (паҳлавӣ) дар шакли «нукруч», «науграуч» ё «наугруз», (“нук”, “науч”, “науг”–нав ва “руч”-рўз) вуҷуд доштааст.

Агарчи дар матнҳои бостонӣ ва асили авестоӣ аз Наврўз ном бурда намешавад, дар китобҳои давраи Сосониён, аз ҷумла китоби «Динкард» Наврўз чун ҷашни муқаддас ёдоварӣ шудааст. Ин рўзест, ки дар он нахустин инсон Каюмарс ба дунё омадааст, Зардушт дар ҳамин рўз офарида шуд ва дар ҳамин рўз аз тарафи Аҳурамаздо чун пайғамбар баргузида шуд.Тибқи чунин сарчашмаҳо Наврўз рўзе мебошад, ки Худои некӣ Аҳурамаздо ҷаҳони ҳастиро офарид, Таҳмурас дар ҳамин рўз девони табоҳкору мардумозорро дар банд ниҳод.

Аз дидгоҳи ҳадаф, муҳтаво, мақсаду маром Наврўз фарҳанги мукаммалу яклухт, рамзи бозгашт ба фасли орзу ва ормонҳо, умед ба зиндагии беҳтар, фасли деҳқонӣ ва амсоли ин мебошад.

Наврўз дар сарчашмаҳо

Дар асари безаволи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ низ васфу ситоиши ҷашни Наврўз, таърихи он ва анъанаҳои марбут ба ин ҷашн хеле рангину таъсирбахш ба қалам дода шудаанд. Фирдавсӣ дар “Шоҳнома”-и хеш низ пайдоиши ҷашни Наврўзро ба шоҳ Ҷамшед нисбат додааст. Чунончӣ:

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,

Мар он рўзро “рўзи нав” хонданд.

Чунин рўзи фаррух аз он рўзгор,

Бимонда аз он хусравон ёдгор.

Донишманд ва олими қарни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» ва «Ал-тафҳим» дар мавриди пайдоиши Наврўз избори назар кардааст. Дар «Ат-тафҳим» аз ҷумла менависад: Наврўз «нахустин рўз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рўзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Ин донишманди мумтоз инчунин пайдоиши Наврўзро ба Ҷамшед нисбат дода, зимнан таъкид мекунад, ки то замони Ҷамшед низ ин сана бузургу муаззам буд: «Чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рўзро, ки рўзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврўз бузургу муаззам буд». Ҷолиби диққат аст, ки Берунӣ дар бораи ду ҷашни мардуми форсинаҷод – Наврўз ва Меҳргон сухан ронда, аз забони Салмони Форсӣ меоварад: «Мо дар аҳди Заруштӣ будан мегуфтем, ки Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврўз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овардааст. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқут ва забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар».

Ба андешаи Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» асли баромади Наврўз ба рисолати Ҷамшед марбут дониста шудааст. Замоне, ки Аҳриман дар пайи нест кардани ҷаҳон буд, Аҳурмаздо Ҷамшедро фиристод, то бар ў ғолиб омад ва ҷаҳони ҳастиро аз нестӣ раҳо кард. Дар маҷмўъ, Абўрайҳони Берунӣ дар мавриди ҷашн гирифтани Наврўз, оинҳо ва суннатҳои наврўзӣ, ривоёт дар мавриди пайдоиши рўзи Наврўз изҳори назар карда, аз суннатҳои деринаи  рўзгори худ низ хабар медиҳад ва таъкид мекунад, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ашё, оро додану перостани хонаву дар ва манзили худ Наврўзро истиқбол менамуданд.

Ҳаким Умари Хайём дар «Наврўзнома» оид ба бунёд гузоштани ҷашни Наврўз чунин навиштааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврўз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рўз ва рубъе аз  шабонарўз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рўз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, чи  ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рўзро дарёфт, Наврўз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ў иқтидо карданд».

Пайдоиши Наврўз

Дар бораи асли пайдоиши Наврўз дар байни муҳаққиқон се нуқтаи назар вуҷуд дорад: Гурўҳи аввал ба сарчашмаҳои бобулӣ ва ошурии Наврўз ишора мекунанд. Гурўҳи дуюм асли баромади Наврўзро ба ойини Зардуштӣ ва гурўҳи сеюм онро ба шахсияти Ҷамшед пайванд мебахшанд.

Бар тибқи ин ривоятҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс ба соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълом кард. Дар аҳди шоҳони Ҳахоманишӣ Наврўз аз ҷойгоҳи воло бархурдор буд. Чунончи, дар замони Дорои 1 маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд. Ин подошоҳи ҳахоманишӣ  ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккаеро аз тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе ҳангоми тирандозӣ нишон дода шудааст.

Силсилаи шоҳони Сосонӣ ҷашни Наврўзро хеле гиромӣ дошта ва баҳри боз ҳам ривоҷу равнақ додани ҷашни мазкур корҳои хеле назаррасро анҷом доданд. Дар ин давра Наврўзро як моҳ ҷашн мегирифтанд ва ҳар як табақаи ҷамъият мувофиқи мавқеъ ва манзалати худ дар рўзҳои муайяни моҳ ин идро бо оинҳои хос қайд мекард. Тибқи маълумоти Берунӣ бошад, Наврўз дар аҳди Сосониён шаш рўз ҷашн гирифта мешуд. Дар рўзи якум мардум аз тарафи шоҳ кабул карда мешуданд. Ҳамин тариқ, мутаносибан давлатмандону мансабдорон, мўбадон, аҳли дарбор, хешу табори шоҳ пазируфта шуда ва дар рўзи шашум шоҳ худ наврўзро чашн мегирифт, ки онро “Наврўзи бузург” меномиданд. Тибқи бархе сарчашмаҳо Наврўз 13 рўз ҷашн гирифта мешуд: шаш рўзи аввалро Наврўзи ом ва шаш рўзи дигарро Наврузи хос мегуфтанд. Дар рўи 13-ум ҳама – хосу ом ба берун аз шаҳр  баромада наврўзро ҷашн мегирифтанд, ки онро “Сайри гули лола” ё “сенздаҳбадар” меноманд.

Баррасии иҷмолии андешаҳо дар мавриди пайдоиши Наврўз моро ба хулосаҳои зерин меоварад :

-Тамоми сарчашмаҳо аз қадимӣ будани ҷашни мазкур гувоҳӣ медиҳанд;

— Ин ҷашн бо вуҷуди он, ки дар дарбори шоҳони Ҳахоманишӣ азизу мўътабар буд аз заминаи халқии худ канда нашуд ва анъанаҳои ин ҷашн низ хеле мустаҳкам буданд.

-Ҷашни Наврўз маҳз дар аҳди Сосониён дар асрҳои 3-5 милодӣ ба пояи баланд бардошта шуд. Чун Сосониён аксарият баҳри инкишоф додани фарҳанг ва сарватҳои маънавӣ мекўшиданд, ҷиҳати танзими ҷашну оинҳо корҳои бузургеро ба анҷом расониданд.

Мири наврўзӣ кист?

Дар бисёр мавридҳо мардум оид ба мавҷудияти “Мири наврўзӣ” изҳори назар мекунанд.  Бояд гуфт, ки ин суннат аз замони кадим вуҷуд дошта, навъе намоиши халкии мазҳакавӣ мебошад. Намоиши Мири наврўзӣ вобастаи ҷашни Наврўз буда, дар аввалин чаҳоршанбеи ҳар сол барои шодии ҳамагон иҷро карда мешуд. Дар  айёми иди Наврўз аз миёни мардум нафаре ба унвони подшоҳ ё амир, ё ҳокими муваққатӣ ба унвони “Мири Наврўз” интихоб мегардид ва фармонравоёну ҳокимони маҳаллӣ барои якчанд рўз риштаи шаҳрдориро ба ўҳдааш месупурданд. Дар муддати мирии муваққатии худ Мири наврўзӣ зоҳиран  ихтиёрро дар даст дошт ва тамоми амрҳои ўро риоят мекарданд. Пас аз ба поён расидани маросими Наврўз подшоҳии ў низ ба поён мерасид.Чунонки Ҳофизи Шерозӣ мегўяд:

Сухан дар парда мегўям, чу гул аз ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рузе нест ҳукми мири наврўзӣ.

Аз оғоз то анҷоми давраи ҳукмронӣ Мири наврўзӣ  ҳуқуқи хандидан ё табассум намуданнадошт,  вазифаи ҳамагон ин буд, ки дар сурати мушоҳидаи камтарин ханда ё табассуми Мир вайро аз мақом барканор мекарданд. Бузургони шаҳр низ баъзе имконоти гуногун ва шамшер, ханҷару заруриёти дигарро дар ихтиёри Мири наврўзӣ ва ёронаш мегузоштанд ва мардуми шаҳр низ амру дастурҳои Мирро, ки бисёре аз онҳо барои  шодиву нишот ва саргармии умум ва хандонидани мардуми шаҳр содир мешуд, бо камоли мамнуният иҷро мекарданд.

Ин расми ҳамасола ба тариқи намоишномаи мазҳака ва нишотангез баргузор мегаштааст ва ба ҷуз хандаву бозӣ ҳеҷ манзури дигаре  надошт.  Бояд ин ҷо ёдовар аз он шуд, ки интихоби Мири наврўзӣ натанҳо дар сарзамини эрониён ба ҳукми анъана даромадааст, балки дар қаламрави мамлакатҳои дигар, бахусус дар кишвари Миср низ густаришу ривоҷ ёфта будааст.

Наврўз ҷашни покию сафост

Наврўз ҳамасола бо қадамҳои мубораки худ ба сарзамини тоҷикон орзўҳои нав оварда, бо мазмунҳои тоза ба тоза имрўз боз ҳам ғанитар гардидааст. Аз ин рў, он аз ҳудуди миллӣ берун рафта ва дар фарҳанги миллии халқҳои дигар ба хушӣ пазируфта шудааст ва ҳамчунин ин маросим аз рамзҳои рангоранг ва пурҳикмат бой аст. Дар Наврўз   рамзҳои ҷашнӣ дар дастархонҳои идонаи “Ҳафт шин” ва “Ҳафт син” гирд омадаанд. Ва ҷашни Наврўз барои бисёр халқҳо муштарак буда, дар вай орзуву омоли мардум таҷассум ёфтааст. Барои ҳама халқиятҳое, ки ҷашни Наврўзро ҷузви фарҳанги худ пазируфтаанд, бештар чунин ҷиҳатҳои ид маъқул аст, ки он пайвандгари инсон ва табиат, айёми ободкорию бунёдгариҳо мебошад. Воқеан, Наврўз ҷашни ваҳдатофар аст. Чунончи, шоири  тоҷик Камол Насрулло хуб қайд карда, ки  Наврўз рўзи бахшоиши гуноҳон, рўзи авфи душманон,рўзи куштани кина, тоза кардани зоҳир ва ботини худ, озод кардани худ ва озода кардани худ, рўзи оштии ҳамагон аст.

Барои таҷлили Наврўз дар бархе аз минтақаҳо мардум чун анъана маросиме барпо мекардаанд, оташ афрўхта, аз болои он мепариданд, чизҳои шикастаро аз хона берун меандозтанд ва онро “Чаҳоршанбеи охирон” ё “Чаҳоршанбеи сурӣ” мегуфтанд, ки бо мақсади халосӣ аз дарду иллатҳои соли гузашта, нопокию зиён анҷом дода мешуд. Пеш аз он, ки офтоб ғуруб намояд дар ягон чорроҳа ва ё дар баландии боме оташ афрўхта хурду бузург аз болои он бо садои “Оташ, рўйзардиву ранҷурии маро бигиру рўйсурхию гармии худро ба ман деҳ!” гўён мепаридаанд. Пеш аз фарорасии ин ҷашни муборак пиру барно маросими ба истилоҳ “хонатаконӣ”-ро иҷро мекарданд, кўрпаву кўрпачаҳои наву кўҳнаи хонаро ба берун бароварда, ба зери нури Офтоб паҳн мекарданд, гўё бо ин амал лавозимоти хонаро бо нури хуршед аз чангу гарди соли сипаришуда тоза мекарданд, хонаро тоза рўфта, тамоми гирду атрофи ҳавлиҳояшонро аз нопокиҳо тоза менамуданд ва ниҳолу дарахтони заминро ба шакл дароварда зебо менамуданд. Ин амал ба хотири он иҷро карда мешуд, ки тибқи тасаввуроти одамон дар рўзҳои ҷашни Наврўз равони ниёгон ба замин фуруд омада, ба кору зиндагии мардум, инчунин  гуфтору кирдори онҳо менигаранд. Ва агар бубинанд, ки зиндагон поку озода, меҳрубону мушфиқ умр ба сар мебарандаз ин кирдори онҳо шод мешуданд ва агар дар байни эшон ин гуна одатҳо набошаду ба ҷои он муноқишаву ғайбат ба назар расад, ба зиндаҳо нафрин мефиристоданд.

Дар арафаи ҷашни Наврўз занони калонсол ва кампирон миқдоре гандум гирифта, онро ба рўи ягон зарфе тунук менамуданд ва интизор мешуданд, ки он неш занад. Сипас бо ин васила ба пухтани сумалак – рамзи баҳор шурўъ менамуданд ва зери таронаҳои наврўзӣ хурсандӣ мекарданд. Барои ташкили оинҳои наврўзӣ мавзеи мувофиқ интихоб мешавад ва   маъракаи ҷуфтбаророн, бузкашӣ, гўштингирӣ, пойга, ҷўйтозакунӣ, маслиҳат, ободонӣ ва ҳоказо оғоз меёбад.

Ин оинҳои наврўзӣ дар тўли таърихи дароз аз имтиҳон гузашта шомили орзуву омоли инсонҳо гаштаанд.

Имрўзҳо  Наврўз   дар кишвари азизамон Тоҷикистон хеле хубу хотирмон ҷашн гирифта мешавад. Маҳз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки арзишҳои бузурги фарҳангии кишвар нигаҳдорӣ ва пешкаши ҷаҳониён гарданд.  Сиёсати фархангсолоронаи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебопарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо ва ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона муаррифӣ намуд.

Наврўз дар Суғд оммавӣ мегардад

Дар мудати ҳафт соли ҷаҳонишавии Наврўз суннатҳои деринаи ин ҷашни куҳан ба тадриҷ эҳё гардида истодаанд. Соли гузашта бо ибтикори Раиси вилояти Суғд мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бори нахуст дар шаҳри Хуҷанд Корвони Наврўзӣ чун рамзи ба ҳам овардани тамоми мардуми кишвар, бахусус ҷавонон ва нишони бузурги ваҳдати миллӣ ва умумиинсонӣ баргузор гардида, мардуми моро бештару пештар ба асолат ва ҷавҳари умумиинсонии Наврўз наздик сохт. Боиси ифтихор аст, ки   ширкати Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабинии идонаи сатҳи баланд шукўҳу шаҳомати бештар бахшид.

Гузашта аз ин, талошҳои пайгирона ва дастурҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби эҳёи суннатҳои неки ниёгон, нигаҳдорӣ ва муқаддас донистани арзишҳои волои аҷдодӣ фарру шукӯҳи ҷашни Наврӯзи бостонро ба маротиб афзуд. Бо пешниҳод ва иқдоми Президенти Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамдастии намояндагони Озарбойҷон, Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Покистон, Афғонистон ва дигар кишварҳо 19 феврали соли 2010 Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ҷашни байналмиллии Наврӯз дар шароити набарду даргириҳои хунин ҷаҳони имрўз, ки дар заминаи гуногунандешиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, қавмию мазҳабӣ сар мезананд, ба хотири Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ ва осоишу осудагии аҳли сайёра хидмат мекунад.

Тоҷибой Султонӣ,

мудири шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

 бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд

 

 

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.