Рафти ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия

 234 боздид

Имрӯзҳо бо мақсади бо дастовардҳои арзанда ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои сохтмонию азнавсозӣ бомаром идома доранд.

Симои ноҳияи Ашт дар қатори дигар шаҳру навоҳии кишвар, дар партави сиёсати созандагиву иқдомҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои сокинони шарафмандаш, торафт намои тоза касб карда, соҳаҳои хоҷагии халқ рушду равнақ намуда истодааст. Тайи солҳои охир ҳар нафаре, ки вориди ноҳия мегардад, шоҳиди дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ шуда истодааст.

Дар ин замина, Раиси ноҳияи Ашт мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода дар якҷоягӣ бо масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз рафти ҷараёни корҳои сохтмониву бунёдии синфхонаҳои иловагӣ дар назди Муассисаи таълимии миёнаи умумии №30, ба номи Т.Эрйигитов, воқеъ дар деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Шодоба; Муассисаи таълимии миёнаи умумии №12, ба номи М.Мирзоматов, воқеъ дар деҳаи Соҳили Сири Ҷамоати деҳоти Ориён ва Маркази савдо ва хизматрасонӣ дар Ҷамоати деҳоти Ориён аз ҷониби соҳибкор Ҳамроқулов Қаҳрамон дидан намуданд. 

 

Қайд кардан зарур аст, ки корҳои сохтмонии бинои нави таълимии синфхонаҳои иловагӣ дар Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии №30, ба номи Т.Эрйигитов соли 2024 оғоз гардида, азму талош доранд, соли 2025 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Масоҳати умумии бино зиёда аз 310 метри мураббаъ-ро дарбар гирифта, аз 4-синфхона барои 100-нафар хонанда ва як утоқи корӣ иборат аст. Бинои мазкур бо иқдому раҳнамоии Раиси ноҳия мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода асос гирифта, бо дастгирии кумитаи волидони муассисаи таълимии мазкур ва соҳибкорону аҳолии ташаббуспеша роҳандозӣ гардида истодааст. Лоиҳаи хароҷотии сохтмон 620,0 ҳазор сомониро дарбар гирифта, айни ҳол зиёда аз 50-фоизи  корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст.

Бинои нави синфхонаҳои иловагӣ дар назди Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии №12, ба номи М.Мирзоматов, воқеъ дар деҳаи Соҳили Сири Ҷамоати деҳоти Ориён иборат  аз 4-синфхона барои 100-нафар хонанда ва як утоқи корӣ мебошад. Он низ бо иқдому раҳнамоиҳои Раиси ноҳияи  Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода асос гирифта, бо дастгирии кумитаи волидони муассисаи таълимии мазкур ва соҳибкорону аҳолии ташаббуспеша амалӣ шуда истодааст. Лоиҳаи хароҷотии сохтмон зиёда аз 500,0 ҳазор сомониро дарбар гирифта, айни ҳол зиёда аз 60-фоизи  корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст. Масоҳати умумии бинои нави синфхонаҳои таълимӣ зиёда аз 250,0 метри мураббаъ-ро ташкил менамояд.

Сохтмони бинои Маркази савдо ва хизматрасонӣ, ки ба соҳибкор Ҳамроқулов Қаҳрамон мансуб мебошад, соли 2024 оғоз гардида, азм дорад, ки  то охири соли 2025 ба истифода супорида шавад. Соҳибкор  дар пеши худ нақша гузоштааст, ки на кам аз 10 нафар сокинони маҳаллиро баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ бо ҷойи кории доимӣ ва маоши хуб таъмин намояд.

Раиси ноҳия баъди боздид бо мардуми маҳалли Ҷамоати деҳоти Ориён сӯҳбати озоду самимӣ дар бобати вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгириҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода анҷом дод. Ба мардуми сарбаланди Ҷамоати деҳоти Ориён барои ташаббусҳои созандагиву бунёдкорона ва тадриҷан ободу зебо гардонидани ҳар гӯшаи маҳал изҳори миннатдорӣ намуданд. Ҳамзамон, ба роҳбарият ва масъулони Ҷамоати деҳоти Ориён дастуру супориш доданд, ки дар ҳамбастагӣ бо аҳолӣ ва соҳибкорон ҷиҳати бунёди муассисаҳои томактабӣ (боғча-яслӣ), бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва мумфаршкунии пурраи роҳҳои дохилии ҳудуди деҳаҳо ва дар маҷмӯъ ҳудуди ҷамоат тадбирҳои амалӣ андешанд.

Мардуми маҳал дастуру пешниҳодҳои Раиси ноҳияи Ашт мӯҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода-ро хуш пазируфта, ҳамовозию ташаббускориҳои минбаъдиро изҳор карданд.

 ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ НОҲИЯ   

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.