Раҳпаймоӣ ба муносибати Истиқлолият

 728 боздид

9-уми сентябр ба муносибати  таҷлил аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор андохтани агрегати дуюми НБО Роғун дар  ҷамоати шаҳраки Шайдон раҳпаймоии ҷавонону кормандони соҳаҳои мухталифи  сохторҳои давлатии ноҳия баргузор гардид.

Дар он ҷавонону иштирокдорон бо шиорҳои “Зинда бод Тоҷикистони азиз”, “Ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Поянда бод Истиқлолияти Тоҷикистон” дар кӯчаи марказии шаҳраки Шайдон то назди саҳни Муассисаи давлатии театри вилоятии ба номи М.Воҳидов раҳпаймоӣ намуданд.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо сокинони ноҳияро ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба кор даромадани агрегати дуюми НБО Роғун табрик намуда, иброз дошт: “Бо шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯз ид болои ид аст. Ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва нурафшон шудани Тоҷикистони азиз мебошад, ки ин ҳама аз баракати Пешвои муаззами миллат ва сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст”.

Дар идома барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ ҷашн гирифтани Истиқлолияти кишвари маҳбубамон Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.