Раиси ноҳияи Ашт аз рафти корҳои саҳроӣ дидан намуд

 79 боздид

Санаи 27 июли соли ҷорӣ, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо заминҳои кишти пахта ва нашъунамои пахта аз ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Шодоба, Ошоба, Ифтихор ва Ориён дидан намуд.

Рафторҷон Муҳаммадиев сардори Раёсати кишоварзии ноҳия иттилоъ дод, мақсад аз боздид намудан, ин пеш аз ҳама шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ дар майдонҳои пахтазор мебошад.

Зимни боздид Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ба кишоварзон ва сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар истифодаи самараноки об, коркарди агротехникии пахта ва ҳимояи пахта аз ҳашароти заррарасон  дастуру супориш дод.

Ёдовар мешавем, ки кишоварзони ноҳия дар майдони 6231 га замин пахта кишт намудаанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *