Нимаи дуюми имрӯз, дар хоҷагии деҳқонии “Рахшона” ва “Моҳи сабр”, Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, бонувоне, ки барои кор ба заминҳои пахта ҷалб карда шудаанд, қадршиносӣ намуд.
Зимни баромади худ дар назди ҳозирин аз меҳнати бонувон ва хизматҳои шоистаи онҳо дар ҳамаи самтҳои хоҷагии қишлоқ, ки саҳми худро гузоштанд, ёдовар шуд.
-Шумо аз нафароне ба ҳисоб меравед, ки ба қадри меҳнат, фарзанд, зиндагӣ ва оилаи худ мерасед. Бар замми он ки аз субҳ то бегоҳ дар ин замин зери офтоби тасфон кор мекунед, дар оилаи худ як модар, хоҳар ва бонуи хонаводаи худ ҳастед. Дар таълиму тарбияи фарзандони худ саҳм гузоред ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва меҳнатдӯстӣ тарбия намоед.
Шуҳрат Мамадҷонов роҳбари хоҷагии деҳқонии “Рахшона” ба мо иттилоъ дод, имрӯз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, дар моҳи шарифи Рамазон мо иқдом гирифтем бонувоне, ки имрӯз дар корҳои саҳроӣ ба мо хоҷагидорон дастгирӣ мекунанд бо туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағи пулӣ қадршиносӣ намоем.
Дар охир Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирададо, ба зиёда аз 150 нафар бонувон туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 100 сомонӣ тақдим намуд.