Раиси ноҳияи Ашт кӯдакони маъюбро аёдат намуд

 94 боздид

Санаи 12 июни соли ҷорӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, кӯдакони маъюбиятдоштаро аёдат намуда, ба онҳо аробачаи маъюбӣ ва маблағи яквақтаина тақдим намуд.

Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт бо кӯдакони маъюби Ҷамотҳои деҳоти Понғоз, Шодоба ва Ифтихор суҳбати самимӣ анҷом дода, таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табақаи ниёзманди ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамоянд.

Тавре ба мо Баҳромҷон Тоҳиров мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ доданд, ба се нафар маъюбон бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт аробачаи маъюбӣ ва маблағи яквақтаинаи пули тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳар ҷашну маросимҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ашт шахсони эҳтиёҷманд аёдат карда мешаванд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *