Раиси вилоят сокини ноҳияи Ашт Наимҷон Каримҷоновро аёдат кард

 641 боздид

18 майи соли ҷорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ашт Наимҷон Каримҷоновро аёдат карда, ба ӯ кӯмакпулӣ тақдим дошт.

Раиси вилоят бо Наимҷон Каримҷонов суҳбати самимӣ анҷом дода, иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд. Шахсони яккаву танҳо ва маъюбу бепарастор таҳти ғамхории давлат қарор доранд ва онҳо набояд руҳшикаста гарданд.

Наимҷон Каримҷонов дар аснои суҳбат бо ёдоварӣ аз дастгириҳои мақомоти давлатӣ миннатдории худро ба Сарвари давлат баён кард.

Сипас, Раиси вилоят ба манзили собиқадори хизмати давлатӣ Гулчеҳра Бегматова ташриф овард. Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо собиқадори меҳнат аз нақши шахсони пешқадами ҷомеа дар рушди соҳаҳои гуногун ёдрас шуда, таъкид кард, ки бо роҳбарияти вилоят бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аз ҳоли собиқадорон хабар мегирад.

Хадамоти матбуот

Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.