Роҳи маҳаллаи Чамбарӣ барқарор мешавад

 853 боздид

Зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Понғоз раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо аз маҳаллаи Чамбарии ҷамоат низ дидан намуд.

Тавре иттилоъ дода будем, офати табиии рӯзҳои 12 ба 18-уми апрели соли равон қисман роҳҳои маҳаллии ҷамоати деҳоти Понғозро вайрон карда буд. Раиси ноҳия бо мақсади шиносоӣ аз корҳои созандагӣ ва барқарорсозии роҳҳои харобгашта, ба маҳаллаи Чамбарии ҷамоати Понғоз ташриф оварда, аз чанд роҳи харобшуда дидан кард. Дар ин маҳалла ҳудуди 200 метр роҳи маҳаллӣ пурра вайрон гардидааст. Тибқи супориши раиси ноҳия рӯзҳои наздик ин роҳ пурра барқарор карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки то ин дам барқарорсозии пайомади сел дар ҷамоати деҳоти Ашт ҷараён дошт.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.