Санаи 25 июни соли ҷорӣ, бо роҳбарии Рустам Каримзода муовини Раиси вилояти Суғд, гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, иборат аз 6 нафар, ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.
Гурӯҳи кориро Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовини якуми Раиси ноҳияи Ашт Қафлон Расулзода, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Ашт Хуршед Фарҳодзода, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафторҷон Муҳаммадиев, раисони ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия ва кишоварзон ҳамроҳӣ намуданд.
Гурӯҳи кории мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии Рустам Каримзода аз заминҳои кишти пахтаи ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия, дидан намуданд.
Тавре ба мо Рафторҷон Муҳаммадиев сардори Раёсати кишоварзии ноҳия иттилоъ дод, мақсад аз ташрифи гурӯҳи корӣ, оид ба омӯзиши ҳолати пахтазорҳо, рафти гузаронидани корҳои агротехникӣ ва озуқадиҳии пахта, дарави ғалладонагиҳо ва кишти такрорӣ мебошад.
Сипас, дар Ҷамоати деҳоти Шодоба гурӯҳи кории МИҲД вилояти Суғд, машвари корӣ гузаронида, назару андешаҳои худро оид ба рафти гузаронидани корҳои агротехникӣ, нашъунамои пахта дар пахтазорҳои ноҳия, дарави ғалладонагиҳо ва кишти такрорӣ иброз доштанд.
Дар охир кишоварзони ноҳия ба гурӯҳи корӣ пешниҳод намуданд, ки 60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазори ноҳия, эълон карда шавад.