Рӯзи дарҳои кушода осорхона дар Ашт

 1 133 боздид

18-уми май дар ноҳияи Ашт Шоми дарҳои кушоди осорхона баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 400 нафар ҷавонон ва сокинон аз осорхонаи ноҳия дидан намуданд.

Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ашт гуфт, ки бо иқдоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Рӯзи дарҳои кушоди осорхонаҳо дар қаламрави кишвар доир мешавад. Дар асоси он шаҳрвандон метавонанд ба таври ройгон аз осорхонаҳо дидан намоянд. Чунин чорабинии фарҳангӣ дар ноҳияи Ашт низ баргузор гардид ва мақсад аз роҳандозии он шинос кардани ҷавонон бо фарҳанги қадимаи халқи тоҷик мебошад.

Дар Рӯзи дарҳои кушоди осорхона ба ҷавонон дар мавриди олотҳои таърихӣ ва таърихи халқи тоҷик маълумот дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.