Рӯзи модар дар ноҳия таҷлил карда шуд

 1 881 боздид

Имрӯз, 6 марти соли ҷорӣ дар муассисаи давлатии Театри мусиқӣ-драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия бо иштироки и.в раиси ноҳия Зариф Мирдадо, занони собиқадор ва бонувони касбу кори гуногун Рӯзи модар таҷлил карда шуд.
Зимни таҷлили Рӯзи модар дар шаҳраки Шайдон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, мағозаи фурӯши матои атласу адрас мавриди истифода қарор гирифт.


Баъдан, дар толори Театри мусиқӣ-драммавии ба номи М. Воҳидов аз тарафи занони ҳунарманди ноҳия намоиши ҳунарҳои миллӣ аз қабили кашидадӯзӣ, бофандагӣ, қуроқдӯзӣ, алочабофӣ, гулдӯзӣ доир гардид, ки маҳсули кори бонувони ҳунармандро Зариф Мирдадо дидан намуда афзуд, барои рушди ҳунарҳои дастӣ бонувони ҳунарманд талош намоянд.

Дар идома, дар толори калони театр Зариф Мирдадо ҳозиринро ба Рӯзи модар шодбош намуда зикр кард: “Меҳри беҳамтои зан-модар ба мисоли хуршедест, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад. Сиришти модарон аз покиву зебоӣ, сидқу вафо, рисолати офарандагӣ ва созандагӣ бунёд гардидааст. Дунё дар домони биҳишти модарон парвариш меёбад. Аз ин рӯ арҷгузорӣ ба мақому мартабаи волои модар ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ на ин ки қарзи фарзандӣ, балки яке аз суннатҳои мардуми тоҷик маҳсуб меёбад”.

Сипас, қисми фарҳангии чорабинии идона ба ҳозирин намоиш дода шуд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.