Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил дар ноҳияи Ашт

 2 839 боздид

Имрӯз, 23 апрел, дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, чорабинӣ бахшида ба 33-умин солгарди “Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил”, гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ Аниса Ҷалилӣ, комиссари Комиссариати ҳарбии ноҳия Сулмонзода Қурбоналӣ, мудирони шуъба ва бахшҳои МИҲД-и ноҳия, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи АШт Баҳриддин Зиёӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳои марказӣ, омӯзгорон ва 9 нафар бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, иштирок доштанд.

Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, дар баромади худ аз шуҷоат, мардонагӣ ва ватандӯстии бартарафкунандагони садамаи Чернобил ёдовар шуда гуфт: “Ҷасурию мардонагии Шумо, барои ҷавонони мо ин як дарси ҳаёт аст. Мо ҳамагон бояд ҳамеша барои ҳифзи Ватан омода бошем, дар таъмини амнияти кишвар, ободию созандагӣ ҳиссагузор шавем, арзишҳои миллӣ, дастовардҳои ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатиро қадр намоем”.

-Ин гуна ифлосшавии радиатсионӣ дар 18 давлати дунё, ки беш аз 9 миллион нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард, зарар расонид.

Турсунмат Исоматов раиси бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил дар ноҳия сухан гуфта, миннатдории худ ва бартарафкунандагони садамаи Чернобилро барои ғамхорӣ ва дастгирӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баён намуд.

Дар охир ба бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил  медали ифтихорӣ ва кӯмакпулии яквақтаина аз тарафи Раиси ноҳия тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.