С. Р. Мирзозода: «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бидуни шак,  дар кӯшиши табаддулот даст дошт»

 37 боздид

(Суҳбати ихтисосии хабарнигори ҳафтаномаи «Ҷумҳурият» бо муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ генерал-майори адлия С. Р. Мирзозода)

Дар ҷаҳони муосир падидаи нангини экстремизм ва терроризм ба рушди инсоният хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Кӯшишҳои сиёсисозии дин дар бозиҳои геополитикӣ барои абарқудратҳо ҳамчун меъёр қарор гирифта, дар заминаи он гурӯҳҳои манфиатхоҳ низоъ ва даргириҳоро дар манотиқи мухталифи сайёра роҳандозӣ мекунанд. Вобаста ба ин ва дигар масоили дахлдор суҳбате оростем бо муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ генерал-майори адлия С.Р. Мирзозода. Сараввал барои розигиатон ба мусоҳиба изҳори сипос менамоем ва суҳбатро бо ин савол шурӯъ мекунем: 

— Моҳи сентябри соли равон дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мусоҳибаи Ш.Ҳамдампур бо судяи Суди Олии ҶТ Азизов Ш.О., ки ҳалномаи судиро дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ шинохтани ҲНИТ қабул кардааст, таҳти унвони «То табаддулот се рӯз монда буд» интишор гардид. Мехостем, ки андешаи худро ҳамчун муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарпрокурори ҳарбӣ пиромуни матлаби мазкур иброз медоштед.

— Ташаккур. Ман ба далелҳои аз тарафи судяи Суди Олӣ Азизов Ш.О. овардашуда розӣ ҳастам, чунки дар ин мусоҳиба сухан дар бораи тасмимҳои меъёрии ҳуқуқӣ меравад. Яъне, ҷанбаи ҳуқуқии масъала бо назардошти ҳалномаи мақомоти судии кишвар мақоми аввалро касб кардааст. Хотиррасон бояд шуд, ки 22 сентябри соли 2015 ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ҲНИТ, қатъи фаъолият ва барҳам додани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Аризаи Прокурори генералӣ бо таҳлили маводҳои парвандаҳои ҷиноятии давоми солҳои охир тафтишнамудаи мақомоти прокуратура, амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ оид ба ҷиноятҳои сангини содиркардаи роҳбарону аъзоёни фаъоли ҲНИТ асоснок карда шудааст. 29-уми сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон расман қатъ ва ҳизби мазкур ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуд.

 

— Аз назари ҳуқуқӣ ба фаъолияти созмонҳои сиёсии динӣ чӣ гуна баҳо медиҳед ва бо назардошти кадом далелҳои ҳуқуқӣ ҲНИТ ҳамчун ҳизби террористӣ шинохта шуд?

— Мутобиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои чамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ мебошад.

Дар давоми солҳои 2010-2015 аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ содир кардани беш аз 40 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз ҷумла барангехтани кинаю адовати динӣ, иштирок дар иттиҳодҳои ҷиноятӣ ва экстремистию террористӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Алоқамандии аъзоёни ҲНИТ ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ дар ҷараёни тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ тасдиқи худро ёфт. Аз ҷумла, исбот карда шуд, ки раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин ба ташкилоти террористии «Ансороллоҳ» таҳти роҳбарии Раҳимов Абдулло бо лақаби «мулло Абдулло» ва Давлатов Аловиддин бо тахаллуси «Алӣ Бедакӣ», ки соли 2010 дар водии Рашт нисбат ба 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон акти террористӣ содир намудааст, шомил буд.

Тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва санҷишҳои гузаронидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар раванди шомилшавии аъзои ҲНИТ-ро ба сафи ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ», ки бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015  фаъолияташ дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шудааст, ошкор намуд. Чунончӣ, зимни азназаргузаронии манзилҳои истиқоматии роҳбарону фаъолони ҲНИТ фиттаҳо бо наворҳои видеоӣ, ки дар онҳо куштору таркишҳо ва дигар амалҳои ваҳшиёнаи ҷангиёни «Давлати исломӣ» сабт гаштаанд, дарёфт ва мусодира гардиданд.

 

— Тафтишот дар мавриди амалҳои ҷиноятии раиси ҳизб М. Кабирӣ ва генерал Назарзода А., ки ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ айбдор шудаанд, кадом далелҳоро дорад?

Дар рафти тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ бо далелҳои раднопазир, аз қабили нишондодҳои шоҳидон, ҷабрдидагон, айбдоршавандагон, наворҳои видеоӣ, далелҳои шайъии (маводҳо, нақшаҳо, варақаҳо, фиттаҳо, силоҳу лавозимотҳои ҷангӣ ва ғ.) дар рафти азназаргузаронии ҳуҷраҳои корӣ ва манзилҳои зисти роҳбарону фаъолони ҲНИТ ёфтагирифташуда собит гардид, ки роҳбари ҲНИТ М.Кабирӣ бо маслиҳати пешакӣ бо дигар аъзои раёсати олии ҲНИТ ва собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода A. бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ ва тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятиро, ки ҳар кадоме то 30-нафарӣ аъзо дошт, созмон додаанд. Ба ин гурӯҳҳо баъзе аз собиқ размандагони Иттиҳоди неруҳои мухолифин ва дигар атрофиёни Назарзода А. роҳбарӣ мекарданд. Бо мақсади аз ҷиҳати моддию молиявӣ дастгирӣ намудани аъзои иттиҳоди ҷиноятии террористӣ, ба онҳо тавассути фондҳои ба ном хайриявии кишварҳои манфиатдори хориҷӣ мунтазам аз 500 то 600 сомонӣ маблағҳои пулӣ мерасониданд.

Ҷиҳати амалӣ намудани ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худ, аз рӯи маслиҳати пешакӣ гурӯҳҳои мусаллаҳро барои аз кор баровардани воситаҳои алоқаи телефонӣ ва ғасб кардани иншоотҳои муҳими давлатӣ аз қабили Қасри Миллат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, биноҳои маъмурии КДАМ, ВКД, Вазорати мудофиа, Кумитаи телевизион ва радио, РВКД-и шаҳри Душанбе, ШВКД-и ноҳияҳои Фирдавсӣ, Сино, Шоҳмансур, И.Сомонӣ ва шаҳри Ваҳдат муваззаф карданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *