САДАМА ДАР ПОЙГОҲИ ОБКАШИИ “АНС-1”

 519 боздид

Меҳнати шабонарӯзии кормандони пойгоҳҳои обкашист, ки заминҳо пайваста сероб ва бахусус дар айёми киштукор зироату дарахтон обёрӣ мегарданд. Сари вақт бо об таъмин шудани кишоварзон ва истифодаи босамару оқилонаи он аст, ки марди деҳқон метавонад ҳосили дилхоҳ ба даст орад. Аммо мутаассифона, соли равон дар айни авҷи корҳои саҳроӣ, мавсими обёрии заминҳо ҳодисаи ногувор—садама дар пойгоҳи обкашии “АНС-1” воқеъ дар минтақаи Чилмаҳрам ба вуқӯъ пайваст. Бояд гуфт дар пойгоҳи обкашии мазкур 7 адад агрегат мавҷуд буда, дар ҳар сония ба иқтидори 6013 литр, қисмати боқимонда бошад, дар ҳар сония 100-литрӣ об мекашад.
САБАБИ САДАМА…
Санаи 18 апрели соли равон, соати 00:10 дақиқа агрегати хурди пойгоҳи обкашии мазкур дар ҷараёни кор буд ва бо сабаби бе огоҳӣ қатъ кардани қувваи барқ об аз қубур бо фишори баланд ба қафо гашта, лӯлаи обгузари дохили бинои насосро хароб намудааст. Дар натиҷаи сӯрох шудани қубур таҳхонаи бинои пойгоҳ тақрибан бо баландии 10 метр бо об пур шуда, тамоми таҷҳизоти барқӣ ва гидротехникиро корношоям кардааст. Дар ҷараёни суҳбат Иброҳимҷон Воҳидов, сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ашт гуфт:
—Баробари ба амал омадани садама дар насоси обкашӣ мо фавран ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар додем. Аз ҷониби роҳбарияти ноҳия дар фурсати кӯтоҳтарин таҷҳизотҳои махсус барои кашидани оби дохили бино фиристода шуданд. Давоми 10 соат аз дохили насос об кашидем, аммо кӯшишҳо натиҷаи дилхоҳ надоданд.
Аз ҳавзи насос ҷоришавии об ҳанӯз идома дошт. Бинобар ин дарҳол аз ҷониби гурӯҳи кории фаврӣ қарор карда шуд, ки ғаввос бояд дарвозаи воридшавии обро маҳкам кунад. Бо дастгирии Раиси ноҳия ду нафар ғаввосон аз Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва граждании вилояти Суғд даъват карда шуданд. Ғаввосон ба чуқурии наздик 6 метр зери об фаромада, дарвозаро бастанд, сипас пурра об аз таҳхонаи дохили бино кашида шуд.
70 НАФАР ДАР ДУ БАСТ КОР МЕКУНАНД
Тибқи иттилои масъулин айни замон барои барқарор намудани оқибатҳои садама дар АНС-1 беш аз 70 нафар дар ду баст меҳнат мекунанд. Барои сифатнок анҷом ёфтани корҳо Абдуллоҷон Солиҷонов—муовини сардори раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд ва Ибодулло Мансуров сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии н.Зафаробод пайваста машварат медиҳанд. Ҳамзамон, гурӯҳи кории Шабакаҳои барқи ноҳия бо барқарор ва хушк намудани ноқилҳои барқӣ машғуланд.
Кулли кормандони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо тамоми ҳастӣ барои пурра ба ҳолати коршоям овардани агрегатҳои обкашӣ ва тоза намудани онҳо аз лойоба азму ғайрат доранд.

ПОЙГОҲ—ТАЪМИНКУНАНДАИ 12 ҲАЗОР ГЕКТАР ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ
Пойгоҳи обкашии “АНС-1” воқеъ дар минтақаи Чилмаҳрам беш аз 12 ҳазор гектар заминҳои кишоварзиро бо оби полезӣ таъмин мекунад. Он манбаи асосии бо об таъминкунонии боғҳои канори роҳи калони мошингарди Шайдон—Қаҳрамон, заминҳои ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Шодоба, Меҳробод ва чанде дигар маҳсуб меёбад.
Рафторҷон Муҳаммадиев, сардори Раёсати кишоварии ноҳия гуфт:
—Мо кӯшиш дорем, дар муддати кӯтоҳтарин корро дар “АНС-1” ба анҷом расонида, 12 ҳазор гектар заминҳои пахта, зардолу ва дигар зироатҳои полезиро бо об таъмин намоем. Зеро айни замон барои кишту кор об хеле зарур аст. Дар боғҳои зардолу тибқи ҳисобҳои пешакӣ ҳосил зиёд аст ва барои хушсифат пухта расидани зардолу талабот ба об хеле калон аст. Имрӯз бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти ноҳия тамоми мутахассисону коргарон қувваи худро ҷиҳати рафъи оқибатҳои садама равона карда истодаанд.
Тавре масъулин мегӯянд, дар назар аст, ки тӯли 3-4 рӯзи оянда корҳо ба охир расида, заминҳо бо об таъмин мегарданд.
Мо низ умед мебандем, ин иншооти муҳим ҳарчӣ зудтар ва босифат таъмир гардида, заминҳои ташналаб сероб хоҳанд шуд.
Т.МИСРОБӢ, Ҳ.ОДИЛ
“Шуҳрати Ашт”

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.