Саҳми соҳибкорон дар ободонии ноҳия

 750 боздид

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, пас аз вохӯрӣ бо Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкорони бурунмарзӣ иқдом гирифтаанд то ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ободу зебо намудани деҳаву маҳалли худ саҳми босазо гузошта, инчунин иншоотҳои ҷашнӣ бунёд ва мавриди истифодаи мардум қарор диҳанд.

Бо маблағгузории соҳибкори бурунмарзӣ Мамадҷон Одибоев, ки истиқоматкунандаи деҳаи Бободархон буда, айни ҳол дар шаҳри Сургути Федератсияи Россия ба соҳибкорӣ машғул аст, 190 метр роҳи маҳаллаи Болои деҳаи Бободархон, мумфарш карда шуд.

Инчунин Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз рафти мумфаршкунии роҳ дидан намуда, миннатдории худро барои саҳм гузоштан барои ободии деҳа, ба соҳибкор  Мамадҷон Одибоев расонид.

Мавриди зикр аст, ки барои мумфарш кардани роҳи маҳаллаи Боло 80 ҳазор сомонӣ сарф шудааст, ки ин роҳ деҳаҳои Кӯлихоҷа ва Муломирро ба маркази ноҳия мепайвандад.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.