Сарбозон савганд ёд карданд

 1 657 боздид

Бахшида ба 23-юмин солгарди рӯзи таъсисиёбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 0216 бо иштироки раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ, командири қисми ҳарбии мазкур подполковник Усмонов Мирзодавлат чорабинии идона баргузор гардид.

Дар он нахуст раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ баромад намуда, қайд кард: “Бо дастгирии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамоати деҳоти Ориён ва деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти Пунук ду дидбонгоҳи сарҳадии замонавӣ мавриди истифоа қарор гирифт. Аз тарафи МИҲД-и ноҳия роҳбарони идораю ташкилотҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ дар дидбонгоҳҳои Чилмаҳрам, Понғоз, Пунук ва Дӯстӣ дастгириҳо амалӣ шуда истодаанд”.

Баъдан, командири қисми ҳарбӣ, подполковник Усмонов Мирзодавлат  иброз дошт: “Имрӯз дар қисми ҳарбии мо сарбозони нав даъватшуда ба хизмати ҳарбӣ савганд ёд мекунанд. Ба Шумо дар хизмати пурмашаққат устуворӣ мехоҳам”.

Сипас, ба якчанд нафар афсарону сарбозоне, ки дар сафи Қавваҳои мусаллаҳ софдилона хизмат намуда истодаанд сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

Аз тарафи командири қисми ҳарбии 0216 подполковник Усмонов Мирзодавлат ба Мамадҷонов Зафар Тошматович, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия барои хизматҳои шоиста дар бунёд, азнавсозӣ ва дастгирии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва отряди сарҳадӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон, бо нишони сарисинагии Аълочии қушунҳои сарҳадӣ, дараҷаи 1 ва  Муфтоев Абдулҳақ, барои хизматҳои шоиста дар бунёд, азнавсозӣ, дастгирии молиявии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, бо нишони сарисинагии Аълочии қушунҳои сарҳадӣ, дараҷаи 2 қадрдонӣ карда шуданд.

Баъдан сарбозони нав даъватшуда дар мавсими баҳорӣ савганди ҳарбӣ ёд намуданд. Шералӣ Мадаминов сарбози нав даъватшуда савганд ёд намуда, гуфт: “Софдилона ва поквиҷдонона ба Ватан хизмат менамоям”.

Дар охир баҳри болидахотирии сарбозону афсарон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод карда шуд.

Сайидои ШОДӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.