Сарбозон туҳфа гирифтанд

 997 боздид

Имрӯз дар қисмҳои ҳарбии ноҳия бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода, муовини аввали раиси ноҳия Расулзода Қафлон , муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед, сардорони корхонаву ташкилотҳо бо сарбозону афсарон мулоқоту чорабинии идона бахшида ба истиқболи соли нави милодӣ ва фарҷоми Соли ҷавонон  баргузор гардид.

Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нахуст сарбозону афсаронро ба истиқболи Соли нави милодии 2018 шодбош намуд.

Баъдан сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода табрикоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонида, иброз дошт: “ Боиси ифтихор аст, ки сарбозону афсарони ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, чун  қисми таркибии хизматчиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарор кардани сохти Конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ мубориза бурда, бар зидди дастаҳои мусаллаҳонаи ҷинояткор ошӯбҳои хиёнаткорона кӯшишҳои табаддулоти ҳарбии хоинони миллат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, борҳо бо ҷасорату шуоҷоат ва далериву матонати худ  ватандӯсти асил  будани худро  исбот намудаанд”.

Бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои  Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар тамоми  ҷузъу томҳомҳои гарнизони вилояти Суғд аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тамоми сарбозони қисмҳои низомӣ бо сару либос таъмин гардиданд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби  МИҲД-и вилояти Суғд ба сарбозну афсарон дастархони идона ороста, барои болидахотири онҳо аз тарафи Бахши фарҳанги ноҳия барномаи консертӣ намоиш дода шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.