Сарбозони нав даъватшуда аз Ашт савганд ёд  карданд

 1 165 боздид

Чанде қабл дар шаҳри Турсунзода дар қисми ҳарбии 051059 рӯзи дарҳои кушод баргузор гашт, ки дар он Обода Каримӣ, мудири Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ноҳия иштирок намуд.

Дар ин рӯз ҳамзамон маросими савганд ёд намудани сарбозони нав даъватшуда ба хизмати ҳарбӣ дар ҳузури волидони онҳо баргузор гардид. Дар ин қисми ҳарбӣ сарбозони нав даъватшуда ба хизмати ҳарбӣ аз ноҳияи Ашт низ ҳузур доштанд, ки барои содиқона ба итмом расонидани хизмати Модар-Ватан савганд ёд намуданд.

Обода Каримӣ бо сарбозоне, ки дар ин қисми ҳарбӣ хизмати Ватанро ба ҷо меоранд мулоқот намуда, сарбозонро ба далериву шуҷоат даъват кард ва гуфт: “Баъди итмоми хизмат дигар ҷавонписаронро низ ба хизмати ҳарбӣ даъват намоянд то онҳо низ софдилона марзу буми Ватанро муҳофизат кунанд”.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.