Семинари омузишӣ таҳти мавзуи Ҳуқуқи интихоботии худро дон

 53 боздид

Субҳи рӯзи 3 декабри соли 2019 тибқи Нақша-чорабинии ҳамкорӣ оид ба доир намудани сӯҳбату вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят ва аҳолии шаҳру ноҳияҳо, бахусус, занон ва ҷавонон вобаста ба иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сафарбарии дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар давраи интихобот, семинарҳои омӯзишӣ барои судяҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба таъмини талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи интихобот, ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тасдиқ гардидааст, дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт бо иштироки раисон ва котибони участкаҳои интихоботӣ, раис ва котиби комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис ва котиби комиссияи интихобот оид ба интихоботи вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисон ва мутахассисони пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия семинари омӯзишӣ дар мавзӯъҳои “Ҳуқуқи интихоботии худро дон”, “Ҳуқуқи баробари интихоботӣ — асоси сиёсати гендерӣ” баргузор гардид.

Дар семинари омӯзишӣ-дастурдиҳӣ маърӯзачиён Қурбонов Қурбон – коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Имомов Хусрав – нотариуси давлатии ноҳияи Ашт Аҳматхонов Суҳайл – муовини сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, Раззоқзода Рустам – сардори шуъбаи прокуратураи вилояти Суғд, Солизода Абдувоҳид – сардори шуъбаи Вазорати корҳоии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар мавзӯъҳои “Интихобот ҳамчун раванди сиёсӣ”, “Ҳуқуқи интихоботӣ: моҳият ва мазмун”, “Худогоҳии ҷавонон ва масъалаҳои таъмини амният”, “Нақши маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар таъмини волоияти қонун”, “Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва саҳми ҷавонон дар он” маърӯза намуданд.

Маърӯзачиён дар баромади худ қайд намуданд, ки имрӯз кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизи мо, ки дар раванди татбиқи ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангӣ қарор дорад, ба донишу нерӯи созандаи ҷавонон умед бастааст. Чунки ҷавонон дар шароити имрӯза ба воқеияти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳони муосир  зудтар ва беҳтар  ҳамоаҳнг гардида, дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми ҳалкунанда  гузошта метавонанд.

Дар устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон ҷавонон масъулияти бузург бар дӯш доранд.

Маҳз, ҳисси ватандӯстии махсусан ҷавонон намегузорад, ҳаракат ё падидаи нохуш амнияти миллатро халалдор кунад. Муҳимтарин воситаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз қисми зиёди ҷавонон аз моҳияту мафҳумҳои  “Ватан” ва “ватандӯстӣ” огоҳӣ пайдо карданд. Дар баробари ин як зумра мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф намудани онҳо кори зарур мебошад. Ин мушкили ҷиддӣ майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Барои ин мебояд, ки диққати ҷавононро ба ба омӯзиши таърих, фарҳанг ва арзишҳои  маънавӣ зиёд гардонем. Танҳо худшиносии миллӣ аз таърих огоҳ будан ва ибрат гирифтан ягона роҳе мебошад, ки майли ҷавононро ба сӯи ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ  коҳиш медиҳад.

Дар анҷоми семинари омӯзишӣ Раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед зикр намуд, ки баргузории чунин суҳбату молоқотҳо ҷиҳати таъмини боэътимоди волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли ҷавон, таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳи мактаб, оила ва ҷомеа ба сифату таълими тарбия дар шароити печидаву муракаби вазъи ҷаҳони муосир, мубориза алайҳи  таҳдиду хатарҳои муосир, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, муайян ва пешгирии сабабу шароитҳои ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мусоидаткунанда ба ҷавонон ҳамчун табақаи пешсафи ҷомеа дар бунёди муҳити оштинопазир нисбат ба амалу кирдорҳои ифротгароӣ мусоидат хоҳанд намуд.

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.