ШАРҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМ ДАР ҶАМОАТҲОИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТИ НОҲИЯИ АШТ

 144 боздид

Санаи 6-7 январи соли равон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқоти  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Мулоқоти мазкур санаи 6-уми январ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Понғоз, Шайдон ва Меҳробод, санаи 7-уми январ бошад, дар ҷамоатҳои деҳоти Ашт, Пунук, Ифтихор ва Ориён ҷараён гирифт.

Қайд карда шуд, дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат бештар аз сокинони кишвар даъват ба амал оварданд, то дар тарбияи насли ояндасоз, бунёдкориву ободонӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, бунёди иншооти ҳаётан муҳим тибқи талаботи замони имрӯз, ҳифзи дастовардҳои мухталиф ва арзишҳои фарҳангии миллат саҳмгузор бошанд.

Оғози Паём натиҷаи рушди ҳафт соли охирро бозгӯ намуд. Сатҳи камбизоатӣ то 27,5 дарсад коҳиш ёфтаву умри миёнаи аҳолии кишвар 75 сол аст. Нақшаву нуктаҳои барномаи пешазинтихоботии сарвари давлат, ки 7 сол пеш тарҳрезӣ шуда буд, аксаран амалӣ гардид, ки ин аввалан дарак аз тинҷиву осудагии кишвар ва баъдан заҳматпешагии сокинон дарак медиҳад.

А.Солеҳзода таваҷҷуҳи ширкаткунандагонро бештар ба тарбияи насли наврас ва ҷалби онҳо ба мутолиа, эътибори хоса зоҳир намудан ба реҷаи рӯзи фарзандон ҷалб намуд. Аз ҷараён ва паёмади озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” ёдрас шуда, даъват ба амал овард, чунин озмунҳо дар сатҳи деҳаву ҷамоат ва ноҳия низ ташкил карда шаванд.

Тоҷикистон соҳиби маҳсулоти табиӣ ва босифат аст, бахусус меваҳои кишвари мо аз лиҳози таъму сифат беназиранд. Агар маҳсулоти ватании мо дар худи ҷумҳурӣ коркард ва баъдан содирот гарданд, фоидаи онҳо чанд карат зиёд хоҳад шуд. Аммо барои амалӣ гардидани ин ҳадаф мо ба мутахассисони баландихтисос ниёз дорем. Беҳуда Пешвои муаззами миллат ҳадафи чоруми кишварро саноатикунонии босуръат қарор надодаанд.

Дар Паёми навбатӣ қайд гардид, ки баъди тақрибан 30 сол аҳолии кишвар наздики ду баробар меафзояд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки имрӯз барои ояндагони худ иншооти ҷавобгӯ ба замони муосир бунёд намоем, ки на панҷ- даҳ сол, балки солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат расонанд.

Ба соҳибкорон ҷиҳати бунёди коргоҳҳо ва дигар иншооти мавриди ниёз бояд ҳамаҷиҳата мусоидат намуд, чунки ин амал боиси афзудани ҷойҳои корӣ ва бад ин васила кам шудани сатҳи муҳоҷирати меҳнатӣ хоҳад шуд.

Аз ҷониби Созмони байналмилалии ЮНЕСКО эътироф гардидани Ёдгориҳои Саразми бостонӣ, ки имсол 5500-солагиашро ҷашн мегирем, бори дигар соҳибтамаддун будани халқи тоҷик ва имрӯз дар қатори кишварҳои мутамаддин  ҷойгоҳи хосаи худро дарёфтани Тоҷикистонро бозгӯ месозад.

Бознашр ва тақдими китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон  Ғафуров аз ҷониби Пешвои миллат ба ҳар як хонадони тоҷик ҳар нафари моро водор месозад, бори дигар аз таъриху тамаддуни гузаштагони худ биомӯзем ва фарзандони арзандаи онҳо бошем.

Ёрдамчии Президенти ҶТ Ашӯрбой Солеҳзода ва Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо якчанд оилаҳое, ки фарзандони маъюб ва имконияташон маҳдуд доранд, аз ҷумла, Г.Аъзамҷонова, Н.Қораев, Ш.Кунишева, Н.Ғиёсиддинов, Б.Аминҷонов ва чанди дигар аз ҷамоатҳои дар боло зикршуда бо ҳадяи кӯмаки яквақтаи молиявӣ аёдат намуданд.

Т.МИСРОБӢ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.