ШАРМАНДАГИҲОИ НАҲЗАТИЁН ИДОМА ДОРАД

 686 боздид

Вокуниш ба конференсияи ш.Варшава

Санаи 16 сентябри соли равон конференсияи навбатии САҲА «Оид ба ченаки инсон» оғоз гардид. Боз намояндагони ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз бо ниқобу наву номи ҷадид «Паймони миллӣ» ба саҳнаи сиёсат омадаанд, имкон пайдо карданд «муҳокимаву таҳлилҳои чуқур»-и худро ҷиҳати вазъи сиёсию иқтисодии Тоҷикистон аз дур истодаву наззора намуда бозгӯ намоянд. Онҳо аз хотир бароварданд, шармандагии худро, ки соле пеш дар ҳамин конференсияи САҲА бо онҳо рух дод. Ва ё намехоҳанд он шикасту ошкор шудани чеҳраи аслиашонро ба ёд оранд.
Соле пеш онҳо мехостанд худро нерӯи сиёсии тарафдори ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва ҳамзамон таъқибгаштаву қурбонӣ нишон диҳанд. Ҷиноятҳои содирнамудаву амалҳои хиёнаткоронаашонро намояндагони Тоҷикистон бо овардани санаду далелҳои аниқ собит намуданд. Маҳз ҳамон рӯзҳо (сентябри соли 2018) ҷаҳониён бори дигар эътимод ҳосил намуданд, ки ин «сиёсатмадорону дилсӯзони халқ» киҳоянд ва чӣ корҳо кардаанд.
Ин хиёнаткорону хоҷагони идеологиашон фаҳмиданд, ки баъди ошкор шудани маромҳои муғризонаашон имкон надоранд, ки маблаuҳои ҳангуфтро ба даст овардаву амалҳои зиддимиллиашонро идома диҳанд. Аз ин лиҳоз, «Паймон»-и худро таъсис доданд. Аз ҷумлаи шикастҳои навбатиашон эъломияи яке аз саркардаҳову поягузорони таъсиси ҲНИ Айёмиддин Сатторзода буд, ки баробари бозгӯйи амалҳои хиёнаткоронаашон ба алоқамандии ҳизби мазкур бо хадамоти махсуси XИЭ иқрор шуд. Бори дигар собит гардид, ки аъзоёну сарвари ин ҳизб ғуломони зархариди хоҷагони хориҷианд. А.Сатторзода худ иқрор шуд, масъули тарбияи идеологӣ дар лагерҳое буд, ки садҳо нафар ҷавонони бо фиреби наҳзатиён гирифторгаштаро фаро гирифта буданд. Ин ҷавонони фиребхӯрда дар лагерҳои махсуси XИЭ (Мозандарон, Пардис…) таълимоти низомӣ мегирифтанд. Мо дар филмҳои мустанад, чун «Бозгашт аз ҷаҳаннам», «Зархаридон» ва чанди дигар худ низ шоҳиди он шудем, ки ҷавонони зиёд аз қаламрави Тоҷикистон барои амалӣ намудани амалҳои террористӣ ба он ҷо сафарбар шуданд. Иқрори ин ҷавонон баъди боздошт шудан далелҳои дар боло зикршударо собит намуд.
Дар конфронси навбатии САҲА «Оид ба ченаки инсон», ки санаи 16 сентябри соли ҷорӣ оғоз гардид ва ин замон идома дорад, боз ҳамон «таҳлилу муҳокима»-ҳои М.Кабирӣ садо доданд. Аз ҷумла, вазъи бади ҳабсхонае, ки айни замон намояндагони онҷо чун М.Ҳайит, Б.Ёров ва чанди дигар он ҷо қарор доранд, душвор будани даромад ба ҳабсхона, набудани имкон барои журналистон ҷиҳати фаъолият ва ғайраву ғайра. Охир, зиндон осоишгоҳ нест-ку. Зиндон макони ислоҳ аст.
Имрӯз баробари нашрияву садову симои давлатӣ боз чандин ВАО-и хусусӣ дар Тоxикистон амал мекунанд. Ҳамчунин тавассути сомонаҳои иxтимоӣ журналистон имкон доранд, ба ҳама самтҳои хоҷагии халқи кишвар даст зананд.
Русҳо мақоле доранд: «Москва не сразу строилась».
Тоҷикистон нав ҷавони 28-сола аст. 28 сол муқаддам ҳама ҷо бесариву ҷангу бародаркушиву харобазор буд. Бесариву ҷанге, ки маҳз бо «шарофати» наҳзатиён рeӯи кор омад.
Имрӯз нодида гирифтани рушди ҳамаҷонибаи кишвари навбунёди Тоҷикистон ва назари якҷониба дӯхтан ба вазъи он амали аз таги нохун чирк ҷустанро ба хотир меорад. Аммо аён аст, ки наҳзатиён аз кору амали зиддимиллии худ даст кашиданӣ нестанд. Охир даст кашида ҳам наметавонанд! Зеро он ҳама гирифтаҳову хӯрдаҳои худро аз хоҷагони хориҷӣ бояд ҷуброн кунанд!
Т.МИСРОБӢ,
«Шуҳрати Ашт»

 

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.