Шарофат Мамадҷонова: Ҳаҷҷи ман донишмандии насли оянда

 929 боздид

Рӯзи 30-юми сентябр дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт қабули сокинон аз тарафи раиси ноҳия Мирдадо Зариф Мирмуҳаммадӣ сурат гирифт. Дар паҳлӯи онҳое, ки барои ҳалли мушкили худ ба раиси ноҳия муроҷиат карданд, як зане ҳузур дошт, ки муроҷиаташ аз арзи сокинони дигар ба куллӣ фарқ мекард.

Ин зан сокини 77-солаи шаҳраки Шайдон Мамадҷонова Шарофат буда, пули барои зиёрати Ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои ободу зебо гардондани бинои навбунёди Маркази Таҳсилоти Иловагӣ тақдим намуд.

Шарофат Мамадҷонова соҳиби нӯҳ фарзанд аст ва 22 сол боз нафақахӯр мебошад. Шавҳараш Мамадҷонов Аҳмадҷон дар 48-солагӣ вафот кард ва бори тарбияту бузург кардани фарзандон ба дӯшаш афтод.

Шарофат Мамадҷонова дар ҳузури раиси ноҳияи Ашт гуфт, тақдими пули сафари Ҳаҷҷаш ба Маркази Таҳсилоти Иловагӣ беҳуда нест: “Фарзандам Мамадҷонов Муродҷон аз ман хоҳиш кард, ба сафари Ҳаҷ равам, аммо нахостам. Чун вазъи саломатиам он қадар хуб нест. Зиёда аз 9 сол дар Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият бурда, барои таълим додани бошандагони ин марказ саъю кӯшиш намудаам. Дар 55-солагӣ аз он даргоҳи бароям муқаддас ба нафақа баромадам. Акнун мехоҳам, ки ҳарчӣ зудтар ин бино бунёд ва ободу зебо гардад ва фарзандони мардум аз ин даргоҳ соҳиби илм гарданду касб омӯзанд”.

Ҳаҷми маблағи нафақаи Шарофат Мамадҷонова 190 сомониро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар хонааш бо фарзанди хурдиаш Муродҷон Мамадҷонов ва ҳамсару фарзандони ӯ зиндагӣ мекунад. Фарзанди М. Шарофат 33 ҳазор сомонӣ маблағи барои сафари Ҳаҷҷи модараш ҷамънамударо ба фонди МТИ-и ноҳия гузаронд.

Шарофат Мамадҷонова мегӯяд, бо ин синну сол ва вазъи саломатӣ ба гармои Маккаву Мадина тоқат оварда наметавонист ва ҳоло бо ин кори хайраш мехоҳад, аз худ номи нек боқӣ гузорад. “Ман аз бемории фишори хун азият мекашам. Аз ин рӯ, мехоҳам, ки ин маблағ ба муассисаи таълимӣ сарф гардад ва насли наврас илм омӯхта, номбардори ватани хеш бошанд”, — хулоса кард ин сокини кӯҳансоли шаҳраки Шайдон.

Бояд зикр кард, ки 15-уми июли имсол бо ибтикори раиси ноҳия Зариф Мирдадо тариқи ҳашари дастҷамъона барои азнавсозии бинои Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия хишти аввал гузошта шуд ва ҳоло корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.

Сайидои ШОДӢ

Як тафсир

  1. Офарин бар шермардони ватан.
    Бар модарони дарьедил ва мунису гамхор. Ба модари мехрубонамон Шарофат Мамадчонова Тани сихат ва умри дароз мехохам. Муродчон додари азиз хамеша ободу сарбаланд ва доимо фахри мо хамдиерон боши.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *