Шикасти дастаи “Ашт” аз дасти “Хатлон”

 791 боздид

Имрӯз, 30 июли соли ҷорӣ дар доираи баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявии футбол байни наврасони то 17 сола, дастаи “Ашт”-и Ашт аз дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби 1:4 шикаст хурд ва дар ҷадвали мусобиқа бо ба даст овардани 6 дар ҷойи 10 қарор дорад.

Тибқи иттилои Шараф Дадоматов дар назар аст, ки санаи 3 август дастаи “Ашт”-и Ашт бо дастаи Мактаби махсуси вазишӣ оид ба футбол, чавгон ва варзиши аспӣ дар варзишгоҳи ММВФЧВА сабқат менамоянд.

Хотиррасон мекунем, ки дастаи “Ашт”-и ноҳияи Ашт дуюмин даста ба ҳисоб меравад, ки дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни наврасони то 17  сола иштирок дорад.

Мавриди зикр аст, ки МД Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболи ноҳияи Ашт моҳи январи соли 2018 ба фаъолият шуруъ карда, то имрӯз дар 12 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ иштирок намудааст. МД ММВФ дорои 6 мураббӣ ва 163 нафар варзишгар мебошад. Имрӯз ҳайати дастаи “Ашт”-и Аштро 11 нафар бозингарони асосӣ ва 13 нафар бозингарони захиравӣ намояндагӣ мекунанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.