Шиносоии Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонии майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 491 боздид

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои сохтмонии майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Шайдон идома дорад, шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, майдони мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида, фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчӣ ҶДММ “Ашти калон” мебошад. Лоиҳаи майдони Парчам аз ҷониби мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” омода гардида, то имрӯз ба маблағи 255 000 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва сохтмончиён дастур дод, ки корҳоро бо сифати баланд ва муҳлати муайяншуда ба итмом расонанд.  Бояд гуфт, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани майдони мазкур барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Шайдон дар маросими баистифодадиҳии истгоҳ ва маркази савдо иштирок намуд.

Мавриди зикр аст, ки истгоҳи замонавӣ ва маркази савдо дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкор Музаффар Алибоев сохта шуда, арзиши лоиҳавии иншоот 150 000 сомониро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи иншоотро мутахассисони ҶДММ “Файзи Суғд” дар ноҳияи Ашт омода намуда, корҳои сохтмониро бунёдкорони ҶДММ “Мирамир” ба анҷом расонидаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.