18 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти ҷамъоварӣ ва содироти мева ба ноҳияи Ашт сафар кард.
Зимни сафар Раиси вилоят сараввал аз боғи зардолуи хоҷагии деҳқонии “Баҳодур”-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон боздид карда, бо фаъолияти боғпарварон таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар вилояти Суғд 81 000 гектар боғи зардолу вуҷуд дорад, ки 17 000 гектари он ба ноҳияи Ашт рост меояд. Имрӯзҳо дар ноҳияи Ашт ҷамъоварии зардолу бо ҷӯшу хурӯш идома дошта, боғпарварони ноҳия ин навъи меваи шаҳдборро ба Федератсияи Русия, Қазоқистон ва Чин содирот намуда истодаанд.
Чуноне зимни боздиди Раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ҳангоми ҷамъоварии ҳосил теъдоди зиёди бонувон ба шуғли мавсимӣ фаро гирифта шудаанд ва дар як рӯз барои як нафар 50 сомонӣ ҳақмузд дода мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми суҳбат бо кишоварзон таъкид кард, ки меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар хориҷи кишвар харидорони зиёд дорад ва боғпарварону соҳибкорон бояд барои содироти бештари меваҳо, аз ҷумла зардолуи пешпазак тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар идомаи сафар Раиси вилоят ба фаъолияти корхонаи “Зардолу ва компания” шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки дар ҶДММ “Зардолу ва компания”, ки бо таҷҳизоти замонавии банду басти мева муҷаҳҳаз аст, 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд. Инчунин корхона ҳангоми ҷамъоварии ҳосил 500 нафар занонро ба кори мавсимӣ ҷалб кардааст.
Ба Раиси вилоят маълумот доданд, ки корхона имсол бори аввал зардолуро ба Чин ва пиёзро ба Аврупо содирот месозад.
Дар ҳамин ҷо Раиси вилоят бо содироткунандагони мева ва соҳибкорон мулоқот кард. Таъкид карда шуд, ки тибқи пешбиниҳо имсол аз ноҳияи Ашт 3 000 тонна зардолу содирот карда мешавад. Раиси вилоят ба масъулини ниҳодҳои дахлдор дастур дод, ки бо мақсади кӯмак бо содироткунандагон дар ноҳия фаъолияти сохторҳои марбута ҷоннок карда шуда, ҳангоми ҳуҷҷатгузориҳо ёрии амалӣ расонида шавад.
Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаи такшили боғҳои нав аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсоли афшураҳо баррасӣ карда шуд. Дар навбати худ соҳибкорон омодагии худро барои ташкили 3000 гектар боғҳои нав ва корхонаҳои коркарди мева баён доштанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд