Шиносоӣ аз вазъи соҳаи кишоварзӣ

 1 066 боздид

4 апрел, гурӯҳи кории масъулини соҳаи кишоварзии вилоят бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Ориф Ашӯрӣ, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода ва раиси Кумитаи заминсозии вилоят ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, аз фаъолияти пойгоҳҳои обкашии ноҳия ба мавсими нав, кишти аввали пахта ва хоҷагиҳои деҳқонӣ  дидан намуданд.

Гурӯҳи корӣ дар хоҷагии деҳқонии “Сомониён” бо пойгоҳи обкашӣ ва заминҳои ба гардиши кишоварзӣ дохилшудаи он шинос гардида, бо масъулини хоҷагӣ мулоқот доир карданд.

Чанде қабл аъзои ин хоҷагӣ бо харҷи беш аз 55 ҳазор сомон пойгоҳи обкашии солҳои зиёд корношоямро ба кор дароварда, зиёда аз 100 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ дур мондаи онро вориди гардиши кишоварзӣ сохтанд. Соли ҷорӣ дар ин заминҳо сабзавот, аз қабили пиёз, картошка, мош, сабзӣ, лӯбиё, нахӯд ва хӯроки чорво кишт карда мешавад. Дар солҳои минбаъда дар заминҳои мазкур бунёди токзор ва хуч дар назар аст.

Сипас, гурӯҳи корӣ дар ҶДММ “Рахшона” ва хоҷагии деҳқонии “Суҷа”  аз фаъолияти техникаҳои нави чигиттозакунӣ ва дастгоҳи нави тухмпошаки туркӣ дидан карданд. Ин дастгоҳҳо барои кишти тухм ба замин ва тоза намудани чигити хушсифат хизмат мерасонад.

Дар идома гурӯҳи корӣ аз ҳолати омодагии пойгоҳи обкашии АНС-3 дидан карданд, ки рӯзҳои наздик ин пойгоҳ низ ба фаъолият оғоз ҳохад кард.
Дар охир дар толори МИҲД-и ноҳияи Ашт мулоқоти масъулини соҳа бо кишоварзон, асотсатсияҳои истифодабардагони об ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ баргузор гардид. Масъулин оид ба сари вақт гузаронидани кишти баҳорӣ, тайёр намудани насосҳои обкашӣ ба мавсими нав ва бастани шартномаҳо бо сармоягузорон ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва директори заводи пахтатозакунӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Саодат ИСМОИЛӢ

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.