Шиносоӣ бо рафти бунёди сардхонаи хоҷагии деҳқонии “Ифтихор”

 1 268 боздид

Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Ашт бо вазъи бунёди сардхонаи хоҷагии деҳқонии «Ифтихор» шинос шуд.

Сардхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорон, бародарон Дадоматовҳо бунёд гардида, барои захираи 520 тонна меваю сабзавот, бахусус зардолу ва ангур пешбинӣ гардидааст.

Соҳибкорон ният доранд баъди ба истифода додани сардхона бо насби таҷҳизоти муосир хатти банду басти меваро низ ба роҳ монда, содироти маҳсулотро бо сифати мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ афзун намоянд.

Мавриди зикр аст, ки алҳол дар хоҷагии деҳқонии мазкур дар майдони 50 гектар беш аз 2200 бех ниҳоли себ парвариш меёбад.

Раиси вилоят аз ин иқдоми соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ намуда, дастур дод, ки дар содироти меваҳои тару тоза ва хушлаззати кишварамон саҳми босазо гузоранд.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.