Шодиев Озодалӣ раиси Шодоба таъин гардид

 1 296 боздид

Имрӯз бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Аштдар толори ҷамоати деҳоти Шодоба тағироти кадрӣ ба амал омад.

Мирзалиев Раҳматҷон бонобар сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи  раиси ҷамоати деҳоти Шодоба озод, ба ҷои ӯ кадри ҷавон Шодиев Озодалӣ раиси ҷамоати мазкур таъин карда шуд.

Шодиев Озодалӣ соли 1984 дар ҷамоати деҳоти Шодоба ба дунё омадааст. Соли 2006 ДДХ ба номи академик Б.Ғафуровро бо ихтисоси коргузории гумрукӣ хатм карда, то соли 2016 дар бахши Ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт кор кардааст. Аз соли 2016 то раиси ҷамоати Шодоба таъин гардиданаш ба ҳайси раиси хоҷагии деҳқонии ба номи «Озодбек» фаъолият бурдааст.

Роҳбарияти ноҳия ба кадри навтаъин дар ин вазифаи пурмасъулият барору комёбӣ таманно карда, аз ӯ талаб намуд, ки содиқона адои вазифа намояд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.