ШОИРИ ҒАЗАЛСАРО

 57 боздид

Бахшида ба 700-солагии Камоли Хуҷандӣ

Бахшида ба 700-солагии шоири классики форсу тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар МТМУ №40 доир намудани як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳошияи он чанде пеш дар муассиса конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Камол—шоири ғазалсаро” таҳти роҳбарии омӯзгорон Гулбаҳор Убайдуллоева, Рамзои Ҳусниддин ва Бибиоиша Азимова ва ширкати фаъолонаи хонандагони синфи 11 гузаронида шуд.

Ҳаёту фаъолияти шоир ва роҳи эҷодиашро хонандагони фаъолу адабиётдӯст М.Абдуллоева, С.Қодирова, Д.Қаюмова, М.Нозимова, У.Бобокалонова бозгӯ намуданд.

Дар байни хонандагони синфҳои 5-11 бошад, озмуни “Камолхонӣ” доир карда шуд. Хонандагони шеърдӯст бо қироати шеърҳои азбарнамудаашон дар озмун ширкат намуданд. Аз рӯйи миқдор ва тарзи қироати шеър ҳайати ҳакамон беҳтаринҳоро ғолиб донистанд. И.Азимова (с.5), Д.Шарипова (с.6), З.Мамадҷонова, А.Ҳакимбоев (с.7), С.Қосимова, Ф.Ниёзов (с.8), А.Ҷалилова, М.Қобилова (с.9), М.Мамадҷонов, Г.Қаюмова, Ҳ.Мамадҷонов (с.10) ва С.Қодирова (с.11) аз беҳтаринҳо дониста шуданд. Ҳамчунин қироати ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби хонандагони синфи 4 М.Ҳомидов, Х.Умарова, М.Дадоҷонова ва С.Илёсова гувоҳи рағбати беандозаи онҳо ба назм буд.

Дар назар аст, рӯзҳои наздик даври дуюми озмуни “Камолхонӣ” доир карда мешавад, ки аз он беҳтаринҳо барои иштирок дар озмуни ноҳиявӣ роҳ меёбанд.

Раҳим ҚОБИЛОВ

 

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.