Шоми ҷавонӣ дар Ашт

 260 боздид

Нимаи дуюми рӯзӣ 23-уми соли ҷорӣ дар назди театри мусиқӣ- драммавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳия бахшида ба эълон гардидани “Соли 2017- соли ҷавонон” ва 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид.

Тавре ба мо и.в. мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иттилоъ доданд: “Мақсад аз баргузор кардани чунин як барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ барои ҷавонон ин муттаҳид кардани ҷавонон ва дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ тарбияи намудани наврасон ва ҷавонон равона карда шудааст”.

Маврид ба зикр аст, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ наздик 2000 нафар ҷавонони ноҳия иштирок намуданд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *