Шоми 17-уми май дар ҷамоати деҳоти Шодоба бо иштироки зиёда аз 1000 нафар ҷавонон тантанаҳои “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид.
Тантанаҳои “Шоми ҷавонӣ” бо барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, намоиши саҳнаҳо аз ҳаёти ҷавонон, рақсу сурудхонӣ ва бозиҳои гуногуни варзишӣ гузаронида шуд.
Ҷавонони Шодоба дар суҳбат ба мо гуфтанд, баргузории барномаҳои фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” ҷавонони зиёдро ба ҳам овард ва дар замири онҳо ҳисси ватандӯстӣ ва ҳимояти онро бедор сохт.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қарори раиси ноҳияи Ашт дар тамоми ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия ҳамарӯза барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷалби васеи ҷавонон баргузор гардида истодааст.