Шоми 18-уми май дар ҷамоати деҳоти Ашт “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва зиёда аз 1500 нафар ҷавонон иштирок намуданд.
Дар он Ҷамшед Насриддинов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия паёми табрикии раиси ноҳияи Аштро бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи ҷавонон ба саъми ҳозирин расонид.
Баъдан ба якчанд сарбозе, ки аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ баргаштанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом баҳри болидахотирии ҷавонон ва сокинони ҷамоати деҳоти Ашт барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.