Санаи 25 январи соли ҷорӣ дар толори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Шӯрои васеи бахши фарҳанг баргузор гардид.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҷеъ ба баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавиёти аҳли ҷомеа, алалхусус наврасону ҷавонон ва рушди фарҳанг дар ноҳия баромад намуд.
Рустам Одиев оид ба ҷамъбасти фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ дар соли 2017 маълумот дод.
Зафар Аҳмад роҳбари маҳфили “Ворисони Маъдан” ва шоираи наврас Таййибаи Қодир китобҳои тозанашри худро ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳадя намуданд.
Дар охири чорабинӣ роҳбарияти МИҲД-и ноҳия ба чанд тан аз фаъолони соҳа нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг ва Сипосномаву туҳфаҳои хотиравии МИҲД-и ноҳияро тақдим кард.