Санаи 25 июни соли ҷорӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар назди
мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ашт, баргузор гардид, ки дар ҷаласа Ҷамшед Маҳмудзода муовини Раиси ноҳияи ашт оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва аъзоёни Шӯро ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт иштирок доштанд.
Муовини Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҷамшед Маҳмудзода, ба фаъолияти Шӯро дар давраи ҳисобӣ ва камбудиву норасогиҳои ҷойдошта гузориши муфассал дода, таъкид намуд, ки барои беҳтар намудани фаъолияти Шӯро ва пешгирӣ намудани камбудиву норасоиҳо ҳамаи сохторҳо бояд чораҷӯӣ намоянд.
Қайд карда шуд, ки барои мувофиқи талаботи имрӯза ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ намудани вазифаҳои гузошташуда, роҳбарони муассисаҳои корхонаҳои дахлдори ҳудуди ноҳия шахсони масъул ҳисобида мешаванд.
Тавре дар ҷаласа иброз гардид, ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия 42 адад иншоотҳои соҳавӣ, аз қабили меҳмонхонаҳо, осорхона, табобатгоҳ, истироҳатгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ фаъолият доранд. Дар ноҳия сайёҳии кӯҳиву варзишӣ, экологӣ, таърихию маърифатӣ, табобатӣ ва истироҳатӣ маъмул мебошад. Дар Ҷамоати деҳоти Ошоба дар мавзеъи кӯҳии Бобои Об ва Чинор-бобо, ки баландиаш аз сатҳи баҳр 3768 метр мебошад, сайёҳии кӯҳиву варзишӣ ва экологӣ ба роҳ монда шудааст.
“Деҳаҳои Кулихоҷа ва Мулломир бо мавзеъҳои нотакрори худ, мисли “Надок”, “Сардоб”, “Пазмон”, ”Ченар”, ”Шерлоқ”, ”Милқӣ”, ”Бобои Четан”, ”Маздак”, ”Сарои хиштин”, ”Бурси якка” ва мавзеъҳои таърихии “Қалъаи Афросиёб”, “Тӯдаи калон”, “Тӯдаи хурд”, “Меҳроби Ашт”, масҷиди “Ҳашт саҳоба”-и Ҷамоати деҳоти Ашт барои қабули сайёҳон ва меҳмонон хеле мувофиқ мебошад.”
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди ноҳия айни замон ду иншооти соҳаи сайёҳӣ фаъолият намуда истодаанд, ки инҳо меҳмонхонаи “Шайдон” дар маркази ноҳия – шаҳраки Шайдон ва табобатгоҳи “Аксикон” дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод мебошанд.
Табобатгоҳи “Аксикон” мавзеи табобативу истироҳатӣ буда дар тавозуни ҶСК “Намаки Ашт” қарор дошта, фаъолияти он мавсимӣ мебошад. Сайёҳону сокинони ҷумҳурӣ ва хориҷӣ дар ин ҷо саломатии худро бо истифода аз лойқаҳои шифобахши табиӣ барқарор менамоянд. Дар ин табобатгоҳ барои 240 нафар табобатгирандагон ҷойи истиқомативу истироҳатӣ, ошхона, чойхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ва истироҳатӣ омода карда шудааст.
Меҳмонхонаи “Шайдон” дар маркази ноҳия ҷойгир шуда, дорои 33 ҳуҷра бо 54 ҷой мебошад ва барои қабули сайёҳони ватаниву хориҷӣ хитзматрасонӣ менамояд. Маъмурияти меҳмонхона барои беҳтар ва ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯй намудани шароити он мунтазам корҳои таъмиру азнавсозиро мегузаронад. Ҳоло дар меҳмонхона 2 хуҷраи олӣ, 22 ҳуҷраи оли миёна ва 9 ҳуҷраи оддӣ барои қабули сайёҳон омода карда шудааст.
Ҷамшед Маҳмудзода ба масъулини соҳаи сайёҳии Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия супорида дод, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори сайёҳиро таҳти назорат гирифта, таҳияи лоиҳаҳо оид ба рушди сайёҳӣ дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пешниҳод карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди ноҳия 33 адад ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ашт ёргории меъмории асри XIX “Масҷиди Сари Бозор”, “Мазори Чилдухтарон”, “Масҷиди Ҳаштсаҳоба”, “Меҳроби Ашт” доир ба асри VIII; дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Шайдон «Мазори Бобои Шайдон», дар Ҷамоати деҳоти Ошоба «Бобои Чинор» вобаста ба асри XVIII ва инчунин дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдон мавзеҳои тасвири рӯи сангӣ, ки ба асрҳои V-VI пеш аз милод тааллуқ дорад, мавҷуд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар шаш моҳи соли 2019 ба иншоотҳо 55 нафар сайёҳони ватанӣ ва хориҷӣ ташриф овардаанд ва гардиши умумии соҳаи сайёҳӣ дар давраи ҳисобии соли равон 10,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.