Ситоди ноҳиявӣ оид ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Понғоз

 1 323 боздид

Санаи 31- март дар толори Ҷамоати деҳоти Понғоз ва санаи 2-уми апрел дар толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13 маҷлиси васеъ бо директорон, фаъолони Ҷамоат, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва омӯзгорони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таълимии ноҳия, баргузор гардид, ки дар он Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва муовини раиси ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед иштирок намуданд.

Тавре дар маҷлис иттилоъ дода шуд, то ҳол нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати Понғоз ташвишовар аст.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маҷлис таъкид дошт, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар соли 2017 дар ноҳия барзиёд иҷро гардида бошад ҳам, вале дар Ҷамоати деҳоти Понғоз пурра иҷро нагардидааст. Имрӯзҳо низ ҳолати даъвати баҳории соли 2018 дар ин Ҷамоат ташвишовар мебошад.

 

 

 

 

 

Дар охир барои пурра иҷро шудани нақшаи даъват дар ҷамоатҳои зикршуда ба омӯзгорони омодагии дифои ҳарбӣ ва масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Хотиррасон менамоем, ки аввалин гурӯҳи ихтиёрии ҷавонон аз ноҳияи Ашт ба хизмати ҳарбӣ санаи 5-уми апрел сафарбар карда мешаванд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.