Собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Шодоба 70 сола шуд

 48 боздид

Имрӯз, 15 март дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, 70-умин солгарди собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Шодоба ҷашн гирифта шуд.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Ашт Мадисмон Шодиев, собиқадорони ҷангу меҳант, пайвандон ва хешу ақрабои соҳибҷашн иштирок доштанд.

Раиси ноҳияи Ашт дар баромади худ иброз дошт, ки Мадисмон Шодиев аз ҷумлаи шахсони башардӯсту меҳанпарасте ба шумор мераванд, ки бо рафтору кирдор ва пиндори неки худ туфайли меҳнату заҳматҳои софдилона ва  содиқонаашон дар байни мардуми ноҳия соҳиби иззату икром гаштаанд.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ як қатор шогирдон ва хешу пайвандони собиқадори меҳнат, собиқ раиси Ҷамоати деҳоти Шодобаро ба ҷашни мавлудашон самимона шодбош намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Мадисмон Шодиев 17 марти соли 1949, дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, дар оилаи коргар тавлид ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки Мадисмон Шодиев, ҳамчун муҳандис дар ИДБЗО-и ноҳия (1973-1974), дар Колоннаи сайёри механиконидашудаи №8 , аввал устои участка баъдар сардори участка (1974-1986),  дар идораи “Райселкомхоз”-и ноҳияи Ашт, аввал устои участка баъдат ҳамчун сармуҳандис (1986-2007), муҳандис-заминсози Ҷамоати деҳоти Шодоба (2007-2009), раиси Ҷамоати деҳоти Шодоба (2009-2013), аз моҳи ноябри соли 2015 то ҳол, дар вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, иҷрои вазифа намуда истодааст.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *