Соҳибкор Зайлобиддин Мақсудҷонов дар ноҳияи Ашт мактаб месозад

 828 боздид

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и Ҷамоати деҳоти Понғоз шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои нави муассисаи таълимӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Зайлобиддин Мақсудҷонов сохта шуда, дар он барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Ин соҳибкори маҳаллӣ қаблан низ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мумфаршкунии роҳи деҳа, бунёди боғҳои интенсивӣ ва дигар корҳои ободонӣ саҳм гузошта, имсол тасмим гирифтааст, ки бинои нави таълимиро ба истифодаи ҳамдиёронаш во гузорад.

Раиси вилоят Раҷаббо Аҳмадзода барои анҷоми корҳои ободонӣ ба соҳибкор миннатдорӣ баён намуда, ин амалро шоистаи ибрат арзёбӣ кард.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ошоба бо фаъолияти ҶДММ “Моҳи сабр” шинос гардид. Дар 46 гектар ҳавзи моҳипарвари ҷамъият имрӯзҳо 86000 моҳиҳои навъи пешонағафс, амури сафед, сазан ва карп парвариш карда мешавад. Ба иттилои масъулин минбаъд доираи фаъолияти ҶДММ “Моҳи сабр” васеъ карда шуда, парвариши то 300​ 000 моҳӣ ба роҳ монда мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.