Соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ашт

 840 боздид

Дар ҷамоати деҳоти Ашт корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ босурат ҷараён дорад.Тибқи иттилоъи раиси ҷамоати деҳоти Ашт Шавкат Ёрматов зиёда аз 3 километр роҳ барқарор карда шуда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҳанӯз идома дорад.

Роҳбарияти ноҳияи Ашт ба ҷамоати мазкур ташриф оварда, аз корҳои барқарорсозӣ дидан кард. Мавсуф таъкид дошт мо бояд дастҷамъона барои ободии диёр талош кунем.

Дар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ саҳми сокинони ҷамоат низ назаррас мебошад. Хотирасон менамоем, ки барои корҳои барқарорсозӣ 1,5 тонна сӯзишворӣ ба ҷамоати деҳоти Ашт тақдим карда шуд.

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.