Сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳробод бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин мегарданд

 82 боздид

Субҳи имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ҷамъомади нахустин бо иштироки Роҳбари МИҲД-и ноҳия, директори лоиҳаи “Таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ ва санитария, водии Фарғона, Тоҷикистон” ҷаноби Оливер Норманд, Роҳбари миллии лоиҳа аз Тоҷикистон Махфират Абдуллоева, муҳандиси лоиҳа Бахтиёр Ёқубов ва ҳамоҳангсози лоиҳа Раҳбар Ҳомидова баргузор гардид.

Дар мулоқот роҳбарони сохторҳо ва корхонаву ташкилоҳои ноҳия, сокинон ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

Роҳбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар мулоқот зикр дошт, ки ҷонибдории пешниҳоди Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об-барои рушди устувор” 2018-2028, аз сӯи СММ барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишварҳои ҷаҳон хеле баманфиат аст.

Дар идома Роҳбари МИҲД-и ноҳия иброз дошт, ки мақсади ҷамъомади имрӯза ин баргузории вохӯрӣ, бастани шарномаҳо оид ба татбиқи лоиҳаи “Таъминоти аҳолии Ҷамоати Меҳробод бо оби тозаи нӯшокӣ” мебошад.

Ҷаноби Оливер Норманд миннатдории худ ва намояндагони лоиҳаи мазкурро барои дастгирӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт расонид.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур ин саҳмгузориро дар раванди беҳтар гардонидани саломатӣ ва некӯаҳволии халқ ба воситаи обтаъминкунии устувору санитария ва беҳдошту тарбияи гигиенӣ, ҷорӣ намудани мафҳуми идоракунии ғайримарказонидашудаи шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва санитария аст.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки 8000 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Меҳробод бо дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар ва санитария таъмин гардида, инчунин занон низ дар идоракунии шабакаи обтаъминкунӣ фаъолона иштирок менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки арзиши аслии лоиҳа дар арафаи ҷамъбастшавӣ қарор дошта, дар шартнома таъкид мегардад, ки 60 фисади корҳо бо маблағгузории дафтари Шветсария оид ба ҳамкорӣ ва 40 дарсад аз ҳисоби сокинони маҳаллаҳои бо оби тозаи нӯшокӣ таъминшаванда ба иҷро расонида мешавад.

Дар охир иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *