Соли нокомињо ва шармандагињои террористони нањзатї

 362 боздид

Инак соли 2018-и мелодї бо њамаи бурду бохтњояш ба сањифаи таърих ворид гашт. Соил 2018 барои мардуми тољику тољикистонї соли бобарору пурфайз буд. Дар соњањои сиёсию иќтисодї ва иљтимої Љумњурии Тољикистон ба натиљањои назаррас ноил гашт.  Њарчанд душманони миллати тољик дар хориљи кишвар дар симои ташкилоти террористии нањзатии дар Љумњурии Тољикистон мамнўъ бо супориши «хољагонашон» кўшиш карданд, ки  бо њар роњу восита монеи рушди кишвар дар соњањои сиёсию иќтисодї гарданд, аммо ин палидњо ба орзўњои ѓаразноки зидди миллиашон нарасиданд ва ба нокомї дучор гардиданд.

Дар соли сипаригашта низ аз љониби роњбарият ва пайравони ташкилоти террористии нањзатї  амалњои дасисабозию барангехтани иѓвою мољароњо дар назди ташкилотњои бонуфузи хориљї ба назар расид. Ба њамагон маълум аст, ки њилаю найранги ин хоинони миллати тољик тасодуфи ва ѓайричашмдошт нест, чункї аллакай  мардуми кишвар аз амалњои нољавонмардонаи онњо воќиф њастанд, ин тоифа њамаваќт дар њолати зўромад мољарољўї мекунанд ва  усулњои пасту разилонаи худро ба кор мебаранд.

Яке аз дасисабозии навбатии ин хоинон дар рафти конфронси САЊА дар шањри Варшаваи Лањистон дар моњи сентябри соли 2018 буд. Роњбарону фаъолони ин ташкилоти террористї тибќи наќшаи пешакї маслињатшуда, фурсати ба конфронс њозир гардидани яке аз таъсисдињандагони ин ташкилоти террористии нањзатї Айёмиддин Сатторовро пайгирї карданд. Аз њузур доштани охирин  дар конфронси САЊА, онњо сахт дар њарос буданд, зеро Сатторов А. шоњиди тамоми бедодгарињо, љиноятњо ва хиёнати роњбарон ва пайравони ин ташкилоти террористї мебошад ва бо ин далелњо маќсадњои аслии онњоро ошкор карда, дар назди иштирокдорони конфронси мазкур расвою шарманда мешаванд.

Аз ин рў, бо маќсади тањќиру масхара кардани Айёмиддин Сатторов бо ў ба муноќиша бархостанд ва чунин њолатеро ба миён оварданд, ки Мурод Саидзода, корманди сафорати ЉТ дар давлатњои Аврупо, ба ѓайр аз фаровардани як мушти обдор ба башараи   яке аз пайравони ин ташкилоти террористї Орзуев С. дигар илоље надошт. Агар ба љойи вай њар як љавонмарди дигари тољикистонї њам мебуд, бояд чунин мекард. Онњо мехостанд, бо ин амалашон намояндаи Љумњурии Тољикистонро шарманда созанд, аммо худашон ба чунин њол гирифтор шуданд. Љангљўї ва дасисабозињои ин ташкилоти террористї ин дафъа низ дар назди љомеаи љањонї исбот гардид.

Бояд ќайд намуд, ки Мурод Саидзода, ки нангу номус ва њисси миллию ватандўстї дошт, пастию разилии ин тоифаро медонист, њамчун як љавонмарди њаќиќї вокуниш нишон дод. Дар љавоби чунин иѓвогарињои душманонаи ин хоинони миллату давлат дигар ягон амале дуруст намеомад.

Он рўз дер нест, ки баъди пурра фош гардидани симои аслии љинояткорона ва террористии ин ташкилоти нањзатї, онњо дар Аврупо ба сифати як ташкилоти террористї шинохта шуда, њолатњои аз он кишварњо хориљ кардан ва ё дастгир шудани фаъолони онњо аз эњтимол дур нест. Онњо дер ё зуд дар назди ќонун ва мардуми мамлакат барои љиноятњояшон бояд љавоб гўянд.

Хулоса, аз рўи тањлилњои матлабњои васоити ахбори омма, соли сипаригашта, соли нокомињо ва шармандагињои террористони нањзатї буд.

 

 

Фаррухи Фарњод, рўзноманигори масоили сиёсї

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.