Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт ва дастгирии молиявии сокинони деҳаи Кулиҳоҷа ва Муломири ҷамоати шаҳраки Шайдон зиёда аз 2 километр роҳи деҳаҳои мазкур аз нав сохта мешаванд. Дар ин бора ба Хадамоти матбуотии раиси ноҳияи Ашт, муовини раиси ҷамоати шаҳраки Шайдон Амонов Муроҷиддин иттилоъ дод.
Тибқи иттилои манбаъ корҳои сохтмонии роҳ як моҳ инҷониб идома дошта, 1700 метр роҳ сохта шудааст. Паҳноҳии роҳ 6 метрро ташкил медиҳад. Ин роҳ дар куҳи баландияш тахминан 1500 метра бо мақсади дар фасли сармо ба рафту омади сокинони деҳаҳои мазкур халал ворид накардани барфу ях сохта мешавад.
Роҳи ин деҳа дар сой, байни ду куҳ ҷойгир аст аз ин сабаб ҳангоми боришоти зиёди борон сел меояд ва роҳро вайрон мекунад. Имконияти мумфаршкунӣ ҳам вуҷуд надорад, чунки роҳ пур аз қум аст ва тез-тез сел моеяд. Нақлиёти сокинон дар зимистон ҳангоми боридани барф ба баландӣ бо мушкилоти зиёд мебароянд аз ин хотир тасмим гирифтем, ки роҳро аз тариқи куҳ созем мегӯяд,-Амонов Муроҷиддин.
Раиси ноҳияи Ашт низ аз рафти корҳои сохтмонии роҳи деҳаи Кулихоҷа-Муломир дидан карда гуфт, ки бо мақсади тез вайрон нагаштани роҳи нав ба чанд ҷои он аз тарафи МИҲД-и ноҳияи Ашт қубурҳои махсуси обгузар тақдим карда мешавад. Раиси ноҳия ҳамзамон ба масъулин супориш дод то бехатарии роҳро ҳангоми сохтан ба инобат гиранд.
Саодат ИСМОИЛӢ