“Суғд-1” — Ҷоми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейболро соҳиб шуд

 32 боздид

Имрӯз, 11 июли соли ҷорӣ дар Мактаби варзишии рақами 1-и маркази ноҳияи Ашт шаҳраки Шайдон, мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни наврасдухтарони соли таваллудашон 2003 ва хурд, барои дарёфти Ҷоми мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Одинаев, ҷамъбаст гардид.

Дар расми пӯшидашавии мусобиқа Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, довари дараҷаи байналмилалӣ Нуралӣ Одинаев, раиси Федератсияи волейболи вилояти Суғд Сарҳад Ғаниев, собиқадорон ва варзишгарон иштирок намуданд.

Тавре ба мо Ҷамшед Насриддинов мудири бахши кор бо ҷавонон иттилоъ дод, дар мусобиқа 8 даста аз тамоми манотиқи кишвар иштирок ва байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа  тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, тарғибу ташвиқи волейбол байни бонувон ва наврасдухтарон мебошад.

Зариф Мирдадо Раиси ноҳияи Ашт дар баромади худ зикр дошт, ки варзиш дар Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи сиёсати иҷтимоии давлат оид ба мустаҳкам намудани тандурустии аҳолӣ мебошад. Аз ин нуқтаи назар, дар кишварамон ҷиҳати оммавӣ гардонидани ҳаракати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти системаи тарбияи ҷисмонии аҳолӣ чорабиниҳо андешида мешаванд.

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол байни наврасдухтарон дастаи волейболбозони “Суғд-1” ҷойи якум, дастаи волейболбозони “Душанбе-1” ҷойи дуввум ва дастаи “Суғд-2” ҷойи севвумро ишғол намуданд.

Баъдан дар вазъияти тантанавӣ, ба ғолибон Ҷом, диплом ва медали бахши Кумаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Аз тарафи Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо, барои хизматҳои шоён дар ҷодаи варзиш ба довари дарҷаи байналмиллаӣ, устоди варзиши иттиҳоди Шӯравӣ Нуралӣ Одинаев туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Тафсири худро гузоред

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *