Табрикотии Раиси ноҳияи Ашт муҳтарам Шӯҳрат Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи касбии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми декабри соли 2022

 244 боздид

                   Муҳтарам кормандон ва собиқадорони мақомоти амнияти миллӣ!

Бо арзи сипос ва самимияти афзун Шумо кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва тамоми собиқадорони соҳаро ба муносибати Рӯзи касбии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда,  саломатӣ, саодати умр, рӯзгори ободу осуда ва дар иҷрои рисолати бузург — ҳимояи неъматҳои  муқаддасу беназир — озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ барору комёбиҳо орзу менамоям.

Дар ин рӯз мо ҳар сол аз таърихи амнияти миллии Тоҷикистон ёдовар гардида,  ранҷу заҳмат ва талошу кӯшишҳои шабонарӯзии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъмини амнияти милливу давлатӣ, таъмини суботу осоиштагӣ, амнияти шаҳрвандон ва пешгирии амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ пеши назар меорем.

Диловарию садоқати кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро буд, ки ин ниҳод аз набарду муборизаҳои сангин ва ва имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, масъулияти ба уҳда дошта, яъне барқарории сулҳу субот, осоиштагӣ ва шароиту муҳити орому осударо барои кору зиндагӣ ва корҳои ободонию созандагӣ фароҳам овард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Дар ҳамаи давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дошта, иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вогузор гардидааст”.

Изҳори боварӣ намоям, ки собиқадорон ва кормандони мақомоти амнияти миллӣ минбаъд низ бо мақсади таҳким бахшидан ба риояи қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ аз таҳти дил ва содиқона ба Ватан хизмат намуда, ҷашнвораҳои бузургу таърихии дар пешистодаро бо нишондиҳандаҳои назаррас истиқбол менамоянд.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, бори дигар ба роҳбарият, кормандон ва собиқадорони мақомоти амнияти миллӣ тансиҳатӣ, хонаободӣ, саодатмандӣ, пирӯзиҳои рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноку шарафманд комёбиҳо орзумандам

Идатон муборак бод!

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.