ТАБРИКИ Раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо Мирмуҳаммадӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 471 боздид

Ҷавонони гиромӣ ва сарбаланди ноҳияи Ашт!
Шумоёнро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон сидқан шодбош гуфта, ба ҳамаи шумо ҷиҳати амалӣ намудани ниятҳои неку созанда, дастовардҳои беназир ва комёбиҳои шоиста таманно мекунам.
Дар ҳама давру замон ҷавонон давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндасози миллат ба ҳисоб рафта, дар пойдориву устувории шохаҳои давлатдорӣ нақши муассир бохтаанд ва мебозанд.
Маҳз ба ҳамин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқею мақом ва рисолати ҷавононро дар ҳаёти давлату ҷамъият ва таҷдиди рукнҳои бунёдгузори он пайваста ёдовар шуда, дар ҳар як суханрониву мулоқоти хеш ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ даъват менамоянд.
Таваҷҷуҳи МИҲД-и ноҳияи Ашт баҳри татбиқи барномаҳои соҳаи ҷавонон ва варзиш, дастгирии иҷтимоию иқтисодии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон, баргузории чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ, таъмини ширкати фаъолонаи варзишгарони ноҳия дар мусобиқоти вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дар мадди аввал меистад.
Бо назардошти аҳамият ва зарурияти ташаккули сиёсати ҷавонон Қонунҳои ҶТ “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҶТ то соли 2020, дар сатҳи ноҳия Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар ноҳияи Ашт барои солҳои 2019-2020, Барномаи ноҳиявии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони ноҳияи Ашт барои солҳои 2019-2022, Барномаи рушди футбол дар ноҳияи Ашт барои солҳои 2017-2021 ба тасвиб расонида шудаанд, ки ин ҳама барои тарбияи насли ояндасози миллат шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар ноҳия 57706 нафарро ҷавонон зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо 28716 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. То ин муддат аз ҷониби ҷавонони ноҳия якчанд чорабиниву мулоқотҳо, суҳбатҳои миз, озмуну фестивалҳо, маҳфилҳои адабӣ ва бозиҳои варзишӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” баргузор карда шуданд.
Бояд зикр намуд, дар ин рӯзҳои ҳассос, ки бемории сироятии коронавирус тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаасту ҷони ҳазорон нафар дар хатар аст, корҳои хайру амалҳои неки ҷавонони мо назарас аст.
Аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия якҷо бо волонтёрон, ки аз ҳисоби ҷавонони ноҳия таъсис ёфтааст, дар ноҳия корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ пайваста ба роҳ монда шудааст.
Воқеан ҷавонон қувваи бузурги ҷомеа буда, дар ҳама ҳолат дастгиру мададрасони калонсолон маҳсуб меёбанд. Ҷавонони соҳибкору саховатманди ноҳия дар ин рӯзҳои вазнин дар канор наистода, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва пешгирии паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 шахсони маъюбу барҷомонда, оилаҳои ҷавони камбизоат, ашхоси яккаву танҳоро аёдат намуда, бо маводҳои хӯрокаю маблағҳои пулӣ қадрдонӣ ва дастгирӣ карда истодаанд.
Ҷавонони азиз!
Ҳушёриву зиракии хешро аз даст надода, баҳри ободии Ватани азизамон ҳисса гузоред, барои саломатии худу ҷомеа ва билохир миллати азиз таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоед! Дар ин рӯзҳои истироҳат ба мутоилаи китоб, варзиш ва ёрӣ ба волидон машғул гардида, ба қоидаҳои беҳдошт чун намунаи ибрат риоя созед. Безарурият аз хона набароед ва то қадри имкон мададгори волидону оилаи худ бошед, чун шумо ояндаи меҳани худ ҳастед.
Дар анҷом барои ҳар яки шумо ва дар симои шумо ба аҳли оилаатон саломатӣ, хотир ҷамъ, руҳбаландӣ таманно менамоям.
Бори дигар ба якояки шумо—давомдиҳандагони кору пайкори фарзандони арзандаи диёр, ки сарчашмаи иқдомҳои наву созанда ҳастед, идатонро таҳният мегӯям. Ба шумо саодати рӯзгор, хушбахтӣ, солимӣ ва дар кору фаъолияти ободгаронаатон пирӯзиҳо хоҳонам.
Ҳамеша сарбаланду пирӯз ва ҳамқадами рӯзгор бошед!

Тафсири худро гузоред

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте, как обрабатываются ваши данные комментариев.